1. МУҚАДДИМА
1.1. ТҶ «Ҳамқадам» кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фаъолияти худро ба таври ростқавлона, бе фасод ё санадҳои ришваситонӣ ба роҳ монда, риояи меъёрҳои баландтарини ҳуқуқӣ ва ахлоқиро таъмин намояд. Ин амал бояд дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти ТҶ «Ҳамқадам» инъикос ёфта бошад.
1.2. Ришваситонӣ дар кишварҳои зиёд ҳамчун ҷиноят ҳисобида мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки дар он ТҶ «Ҳамқадам» фаъолияти худро пеш мебарад, ҷазо метавонад, ки вазнин бошад. Дар Тоҷикистон, ки ТҶ «Ҳамқадам» бо ҳадафҳои қонунӣ ба қайд гирифта шудааст, Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-и, соли 2007 қабул гардида, натанҳо ришваситонӣ ва фасодро несту нобуд мекунад, балки ТҶ «Ҳамқадам»-ро водор месозад, ки барои ноқобилии амалисозии чораҳои пешгирии чунин амалҳо аз ҷониби онҳое, ки дар Ташкилот ё аз номи он кор ва фаолият мекунанд, новобаста аз ҷойи содиргардидаи ин гуна амалҳҳо, ҷавобгӯ бошад. Амалҳои коррупсионӣ, ки хориҷ аз кишвар содир карда мешаванд, ҳамчунин аз ҷониби шарикон, ки аз номи мо кор мекунанд, ба монанди машваратчӣ ё ин ки шарикон ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои умумиҷаҳонӣ, ба осонӣ метавонанд ба таъқиби судӣ оварда расонанд.
1.3. Ришваситонӣ ва фасод дар қонунгузорӣ мафҳумҳои зиёд доранд, аммо принсипҳои асосии он дар ҳама ҷо амалӣ мегарданд. Пора – ин пешниҳод, ваъда, талаб ва ё қабули манфиатҳо барои амали лозимӣ намудан аст, ки ҳамаи ин ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ё ин ки беэътимодӣ аст. Коррупсия ё ин ки фасод – ин сӯистифода аз вазифаҳои давлатӣ ё мансаб барои манфиатҳои шахсӣ аст; Ё ин ки сӯиистифода аз қудрати хусусӣ нисбати бизнес мебошад. Амали ришваситонӣ ва ё коррупсия ба шахс ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ таъсир расонида, метавонад сабаби амалҳои хиёнаткорона шавад.
1.4. Ришваситонӣ ва фасод ба ҷомеае, ки дар он ин амалҳо содир шудаанд, зарбаи сахт расонида, монеи рушд ва инкишофи иқтисодӣ мегарданд. Мувофиқи ҳисобҳо, то 25 фоизи ҳамаи кӯмакҳо, ба коррупсия ва ришваситонӣ сарф мегарданд. Ҳамаи ин боиси он мегардад, ки кӯмак ба шахсоне, ки ба он бештар ниёз доранд, расида наметавонад.
1.5. Ришва метавонад шаклҳои гуногун гирад, вале умуман, он бо коррупсия алоқаманд аст. Одатан, ҳангоми алоқаманд хизматрасонӣ барои хизматрасонӣ» ҳарду ҷониб манфиат мегиранд. Амалҳои зерин ҳамчун ришва ҳисобида мешаванд:
- Ваъдаи бевосита ва ё бавосита, пешниҳод ва ё ваколати чизи арзишманд;
- Пешниҳод ва ё гирифтани ҳар гуна эъломия, қарз, мукофот ва ё бартариҳои дигар;
- Расонидани кӯмак, хайрия ё овоздиҳӣ, ки таъсири нуфузбахш дорад;
1.6. ТҶ «Ҳамқадам» кӯшиш харҷ медиҳад, ки усули «таҳаммулнопазирии комил» ро ба ришваситонӣ ва коррупсия аз тарафи ҳамаи ихтиёриён, коргарон ва филиалҳо ё ин ки шарикон, ки аз номи мо кор ва фаолият мекунанд, пеш гирад. Ҳама гуна вайронкунии сиёсати мазкур ҳамчун масъалаи ҷиддии ТҶ «Ҳамқадам» дида баромада шуда амалиёти интизомӣ пеш гирифта мешаванд.
2. ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ ДАР ТҶ «Ҳамқадам»:
2.1. Арзёбии хатар: Арзёбии самараноки хавф асоси комёбӣ ва ё нокомии ин сиёсат аст. Мушаххасгардонии хавф, соҳаҳои махсусро, ки дар он хавфи ришваситонӣ ва фасод вуҷуд дорад, муайян намуда ба беҳтар намудани арзёбӣ ва ба кам кардани ин гуна хатарҳо кӯмак мерасонад.
2.2. Пардохтҳо барои соддакунонӣ
Пардохтҳо барои мусоидат: Дар бисёр кишварҳо, пешниҳод намудани ришва ё ҳар гуна туҳфаҳои арзиши на он қадар баланд дошта ба шахсони дорои мансаби давлатӣ, барои рафти босуръати кор ва ё мусоидати раванди кор, одати муқаррарӣ аст. Шояд ба ТҶ «Ҳамқадам» аз рафти муқаррарӣ дида тезтар ба даст овардани иҷозатнома ё иҷозат лозим шавад; ё ин ки дар доираи қонунгузорӣ амвол ё мавод ворид намояд. Сарфи назар аз ин, пардохт барои мусоидати дар инҷо муайянгардида, зидди ин сиёсатанд. ТҶ «Ҳамқадам» бар он ақида аст, ки ин гуна амалҳо ғайриқонунианд. Қонун оид ба мубориза бар зидди коррупсияи Тоҷикистон, ки соли 2007 қабул гардида буд, ҳеҷ тафовуте миёни пардохт барои мусоидат ва ришва намегузорад – сарфи назар аз андоза ё интизориҳои фарҳангии маҳаллӣ, ҳатто агар он «чӣ тавр бизнес дар ин ҷо амал мекунад» бошад ҳам. Аммо дар ҳолати маҷбуран ситонидани пардохт барои мусоидат, ё ин ки агар кормандон маҷбур шуда бошанд, ки пардохт намоянд, ё бо масъалаҳо амниятӣ ва ё зараровар рӯ ба рӯ гардида бошанд, чунин пардохт метавонад анҷом дода шавад. Агар чунин ҳолат ба миён ояд, пардохт бояд ба таври фаҳмо дар чаҳорчубаи китобҳои ТҶ «Ҳамқадам» ҳамчун ришва ба қайд гирифта шуда, сабаби ин гуна амалиётҳо инъикос ёбанд.
2.3. Туҳфаҳо, вақтхушгузаронӣ ва меҳмоннавозӣ: Амали ТҶ «Ҳамқадам» қабул накардани туҳфаҳост, агар ин боиси нохушиҳои назаррас нагардад. Дар ин ҳолат, туҳфаҳо ба шӯъбаи захираҳои инсонӣ, барои ихтиёрдории дуруст бе расонидани ташаннуҷ ба донор, дода мешавад. Баъзе амалҳо дар доираи ҳудудҳои муқаррарии бизнес буда, қабулшавандаанд, зеро онҳо арзиш ва пайдоиши асоснок доранд. Ҳамаи туҳфаҳои арзиши назаррас дошта, бояд ба қайд гирифта шуда бошанд ва ҳисобот дода шаванд. Омилҳои гуногун, ба монанди урфу одат, фарҳанг ва интизориҳо метавонанд ба сатҳи қабул таъсир расонанд. Агар кормандон дар бораи қобили қабули туҳфаҳо, вақтхушгузаронӣ ва меҳмоннавозӣ эҳсоси номуайян дошта бошанд, онҳо метавонанд бо менеҷер ва ё сарвари иҷроиявӣ машварат намоянд. Пешниҳоди тӯҳфаҳо ва меҳмоннавозӣ аз тарафи ТҶ «Ҳамқадам» низ бояд асоснок ва дар робита бо арзиш ва пайдоиш бошад.
2.4. Китобҳои дақиқ ва баҳисобгирӣ: Хеле муҳим аст, то ин ки дар муассисаҳо ва китобҳо, китобҳои дақиқ, сабт ва ҳисоботҳои молиявӣ нигоҳ дошта шаванд. Ҳисоботи молиявӣ бояд идома дода шуда, шаффоф бошад. Сабти бардурӯғ, гумроҳкунанда ва ё ҳар гуна сабтҳои носаҳеҳ метавонанд бар зарари Ташкилот бошанд.
2.5. Мониторинги самарабахш ва назорати дохилӣ: Ҳамаи қисмҳои ТҶ «Ҳамқадам» бояд низоми босамари назорати дохилӣ ва мониторинги тамоми амалиётро нигоҳ дорад. Пас аз муайян намудани хавфи ришваситонӣ ва фасод ва зикр гардидани он тариқи раванди арзёбии хатар, метавонанд дар доираи барномаи назорат ва мониторинги ҳамаҷониба ба хотири кумак ва кам кардани ин гуна хатарҳо, тартибот таҳия гардад.
2.6. Робита бо шарикон: Дафтари ТҶ «Ҳамқадам», Филиалҳои ТҶ «Ҳамқадам» барои арзёбии муносибатҳои худ бо шарикон ва огоҳ намудани онҳо бо сиёсати ришваситонии мо ва зарурати риоя намудани он, ҷавобгӯ мебошад.
2.7. Мутобиқгардонӣ дар сатҳи маҳаллӣ: Барои самаранокии сиёсати мазкур, муҳим аст, то ин ки он дар ҳамаи сатҳи ТҶ «Ҳамқадам», бо назардошти муҳити гуногуни фарҳангӣ, ки дар он амал мекунем, истифода бурда шавад. Ин метавонад аз ҳар як филиал муносибгардонии бахшҳои муайяни сиёсати мазкурро, ба монанди туҳфаҳо, вақтхушгузаронӣ ва меҳмоннавозӣ барои таъмини адолат, мутобиқат ва татбиқпазирии онҳо мувофиқи қонунгузориҳои миллӣ ва принсипҳои эҳсонкорӣ талаб намояд.
2.8. Боиси нигаронист: ҳамаи одамон, ихтиёриён ва кормандон вазифадоранд, то барои ошкор, пешгирӣ ва гузориши ҳолатҳои на танҳо ришвагирӣ, балки ягон намуди фаъолияти шубҳанок ё ин ки ҳуқуқвайронкуниҳо кӯмак расонанд. Ташкилот комилан тарафдори таъмини ҳамаи кормандон ва ихтиёриён бо усули бехатар, эътимоднок ва маҳрамонаи гузориш додани ягон фаъолияти шубҳанок аст. Ҳангоми нигаронии парвандаи шубҳаноки ришваситонӣ ва ё фасод, кормандон ва ихтиёриён метавонанд бо роҳбари худ (ҳамоҳангсози ихтиёриён), сарвари иҷроияи ТҶ «Ҳамқадам» ё Раёсати ташкилот дар тамос шаванд