Муқаддима
Моддаи 1. Низомҳои умумӣ
Моддаи 2. Салоҳияти комиссияи назорати тафтишотӣ
Моддаи 3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои комиссияи назорати тафтишотӣ
Моддаи 4. Таркиби комиссияи назорати тафтишотӣ, ҳолат ва мӯҳлати салоҳияти аъзоёни он
Моддаи 5. Ташкили кори комиссияи тафтишоти назоратӣ
Моддаи 1. Низомҳои умумӣ
1.1. Низомномаи мазкур оид ба низоми комиссияи тафтишоти назоратӣ (дар оянда Низомнома) Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» (дар оянда Ташкилот) тибқи қонунгазории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи ташкилот тартиб дода шудааст.
1.2. Низомномаи мазкур салоҳият, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, таркиб, тартиби интихоб ва фаолият, ҳамчунин мукофоти аъзоени комиссияи назоратӣ тафтишотии ташкилотро (дар оянда Комиссия) муайян менамояд.
1.3. Дар фаолияти худ комиссия бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилот роҳбарӣ мекунад.
1.4. Комиссия ба Маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.
Моддаи 2. Салоҳияти комиссияи назорати тафтишотӣ
2.1. Комиссия аз болои фаолияти хоҷаги-молиявӣ ташкилот ва риояи снадҳои ҳуқуқӣ ҳангоми иҷрои фаолияти хоҷагӣ-молиявӣ назорат мебарад.
2.2. Комиссияи тафтишотӣ:
- оид ба риояи Оинномаи ташкилот назорат мебарад;
- тафтишоти ҳолати коргузорӣ ва ҳисоботии ташкилот;
- тафтишоти тартиби муайяннамуда ва баррасии пешниходҳои хаттӣ, аризаҳо, шикоятҳои аъзоени ташкилот;
Тафтишоти фаолияти молиявӣ-хоҷагии ташкилот (навбатӣ ва ғайри навбатӣ) ва ба Маҷлиси умуми хулосаҳои худро пешниҳод мекунад оид ба:
- тартиби ташкил ва истифодаи амволи ташкилот;
- тартиби сарфаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои ташкилоти ва иқтисодӣ;
- ҳисоби воситаҳои пулӣ ва молӣ;
- ҳолати ҳисоботии молиявӣ;
- тартиби гузаронидан ва пардохти маош ва сафари хизматӣ;
- тартиби нигоҳдошт ва истифодаи амволи ташкилот ва ғ.
2.3. Омода ва пешниҳод намудани хулосаҳо оид ба: Натиҷаи тафтиш ва то масъулини Маҷлиси умумӣ расонидани амалиети ғайриконунӣ аз тарафи шахсони масул дар ташкилот;
2.4. Амалӣ намудани назорат аз болои хулосаҳо ва пешниҳодоти комиссия, ки барои беҳбудии Ташкилот ва кормандон равона гардидааст.
Моддаи 3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои комиссияи назорати тафтишотӣ
3.1. Комиссия ҳуқуқ дорад:
- бо ташаббуси худаш гузаронидани тафтишот аз руи фаолияти молиявӣ-хоҷагии ташкилот;
- аз масъулини ва иҷроияи ташкилот талаб намудани ҳуҷҷатҳо дар бораи фаолияти молиявӣ-хоҷагии ташкилот;
- аз масъулин ва иҷроияи ташкилот талаб намудани баёнотҳои хаттӣ ва шифоҳӣ оид ба масъалаҳои дар рафти тафтишон ба вуҷуд меомада;
- талаб намудани маҷлиси ғайринавбатии Маҷлиси умумӣ;
- барои бартараф намудани камбудиҳои муайяннамуда амр кардан.
3.2. Комиссия ӯҳдадор аст:
- Аз вақти ба итмом расонидани тафтишот хулоса барорад ва онро ба маҷлиси умумӣ ва ташаббускунандаи тафтишот на дертар аз 12 рузи пас аз тафтишот пешниҳод кунад.
- Вайрон кардани қонун, Оинномаи ташкилот, низомнома, Қоида ва дастурро аз ҷониби кормандони ташкилот қайд кунад;
- Маҷлиси умумиро оид ба муайян намудани қонунвайронкунӣ хабардор созад;
- Иҷрои хулосаҳояшро аз ҷониби масъулин назорат кунад;
- Қонунвайронкуниҳоро ҳангоми иҷрои амалиети хоҷагь ба Маҷлиси умумӣ хабар диҳад.
- Аъзои Комиссия бояд дар нишастҳои он ва тафтишотҳое, ки ӯ мегузаронад ва ҳамчунин дар маҷлисҳои умумии ташкилот ширкат кунанд ва ба саволҳои ба вуҷудомада ҷавоб гуяд.
Моддаи 4. Таркиби комиссияи назоратӣ тафтишотӣ, ҳолат ва мӯҳлати салоҳияти аъзоени он
4.1. Комиссия дар ҳайати се нафар интихоб шуда, ваколати умумии панҷ солро дорад.
4.2. Аъзоҳои комиссия танҳо шахсони воқеъӣ шуда метавонанд.
4.3. Маҷлиси умумӣ метавонад бетаъхир салоҳияти дилхоҳ аъзои Комиссияро бекор кунад.
4.4. Дар нишасти аввали Комиссия аз ҳисоби аъзоени он Раисро интихоб мекунанд.
4.5. Раиси Комиссия:
- Аз рӯи фаолият роҳбарӣ мекунад;
- Даъвати нишастҳо мекунад;
- Дар нишастҳо раисӣ мекунад.
4.6. Дар ҳолати набудани Раиси Комиссия муовини он вазифаи Раисро иҷро мекунад.
Моддаи 5. Ташкили кори комиссияи тафтишоти назоратӣ
5.1. Кори комиссия дар шакли тафтишоти навбатӣ ва ё ғайринавбатӣ, ҳамчунин нишастҳо оид ба масъалаҳои тафтишотҳои Комиссия гузаронида меавад.
5.2. Нишасти Комисия дар ҳолати зарурӣ вале на камтар аз як маротиба дар 12 моҳ даъват карда мешавад
5.3. Тафтишотҳои ғайринавбатӣ бо хоҳиши Маҷлиси умумӣ, Директори ташкилот, ҳамчунин на камтар аз 1\3 ҳиссаи аъзоени ташкилот гузаронида мешавад.
5.4. Тафтишотҳои ғайринавбатӣ дар ҳолати муроҷиати асоснок, яъне мавҷуд будани далелҳо ва ё ҳолатҳои вайрон намудани Оинномаи ташкилот, бесалоҳатона ва беэътимодона иҷро намудани вазифаи директори ташкилот ва ё вайрон кардани низоми фаолияти молифвӣ-хоҷагӣ, ки боиси расонидани зарари маънавӣ ва молиявӣ ба ташкилот мегардад, гузаронида мешавад.
5.5. Тамоми дархосту хоҳиш оид ба гузаронидани тафтишоти ғайринавбатӣ ба тариқи хаттӣ бояд амалӣ шавад.
5.6. Қарор дар бораи гузаронидани тафтишотӣ ғайринавбатӣ аз тарафи Роҳбари Комиссия ва дар набудани роҳбар аз ҷониби муовини Роҳбар қабул карда мешавад.
5.7. Бо ба анҷом расонидани тафтишотҳои навбатӣ ва ғайринавбатӣ, Комиссия хулоса медиҳад, ки барои тасдиқ кардан дар нишастҳои Комиссия баррасӣ карда мешавад. Хулоса аз ҷониби ҳамаи аъзоени Комиссия, ки дар тафтишот иштирок карда буданд ба имзо мерасад. Аъзои Комиссия, ки бо хулосаи умумии Комиссия норозӣ аст метавонад хулосаи махсуси худашро пешниход кунад, ки дар хулосаи умумӣ замима мегардад ва қисми ҷудонашавандаи он мебошад. Агар аъзои Комиссия ба хулоса имзо нагузошта бошад ва хулосаи махсус омода накарда бошад, дар хулосаи умумӣ бояд сабабаш қайд карда шавад.
5.8. Дар асоси хулоса Комиссия ҳуқуқ дорад ба шахсони вазифадори ташкилот амр\фармон барои бартараф намудани қонуншиканӣ диҳад. Амр\фармон дар нишасти Комиссия тасдиқ карда шуда аз ҷониби роҳбари Комиссия ба имзо расонида мешавад.
5.9. Нишасти Комиссия дар ҳолати зарурӣ даъват карда мешавад. Ҳамчунин пеш аз оғоз намудани тафтишот ва натиҷахои он даъват карда мешавад.
5.10. Нишасти Комиссия метавонад аз тарафи роҳбари Комиссия ва ё дилҳош аъзои он даъват карда шавад. Талаб бояд масъалаҳое, ки дар нишаст баррасӣ шаванд алоқаманд бошад. Нишаст бояд на дертар аз 5 рӯз пас аз гирифтани талаби нишаст гузаронида шавад.
5.11. Нишасти Комиссия дар шакли ҳатмӣ ҳозир шудан гузаронида мешавад. Ҳамунин нишаст метавонад бо иштироки ҳатмии ҳама аъзоенаш бо тариқи видео ва ё аудио гузаронида шавад.
5.12. Дар бораи нишастҳои Комиссия ҳайати аъзоени он бояд на дертар аз 5 рӯз бо тариқи хаттӣ огоҳонида шаванд. Огоҳнома бояд маълумот дар бораи сана, вақт, ҷои гузаронидан ва ҳамчунин даъватнома дошта бошад.
5.13. Таъғйиру иловаҳо ба огоҳинома метавонад дар дилхоҳ вақт аз тарафи дилхоҳ аъзои он, бо риояи мӯҳлати нишаст, ворид карда шавад.
5.14. Комиссия ҳуқуқ дорад бо иштироки 50% аъзоенаш дар нишаст Қарор кабул кунад.
5.15. Қарор дар ҳангоми иштироки аксарияти иштирокчиҳо аъзоен қабулшуда ҳисоб мешавад.
5.16. Дар ҳолати аз аъзогӣ баромадани аъзои Комиссия, шумораи ҳатмии кворуми аъзоҳои Комиссия, ки бо низомономаи мазкур пешбини кардааст кам шавад, Комиссия ӯҳдадор аст ба Маҷлиси умумӣ дар бораи гузаронидани нишасти фавқуллода муроҷиат намояд.
5.17. Аъзоҳои Комиссия салоҳияти худро аз ҷумла бо доштани боваринома ба шахсони дигар дода наметавонанд.
5.18. Суратмаҷлисҳои нишастҳои Комиссия аз тарафи Раисикунанда ба имзо мерасад ва дар китоби суратмаҷлисҳо духта шуда, дар дасти Раисикунандаи Комиссия ва ё бойгонии Ташкилот нигоҳ дошта мешавад.