Муқаддима
Моддаи 1. Низомҳои умумӣ
Моддаи 2. Мақсад ва функсияҳои асосӣ
Моддаи 3. Тартиби ташкил ва ҳайати Раёсат
Моддаи 4. Ташкили кори Раёсат
Моддаи 1. Низомҳои умумӣ
1.1. Низомномаи мазкур оид ба Раёсат (дар оянда Низомнома) Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» (дар оянда Ташкилот) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи ташкилот тартиб дода шудааст.
1.2. Низомномаи мазкур тартиби ташкил ва фаъолияти ташкилот, салоҳият ва ҷавобгарии Раёсати ташкилот (дар оянда Раёсат) муайян менамояд.
1.3. Дар фаъолияти худ комиссия бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилот роҳбарӣ мекунад.
1.4. Раёсат ба Маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.
1.5. Раёсат мақомоти роҳбарикунандаи ташкилот буда, қарорҳои қабул мешудааш ҳатмӣ мебошад.
1.6. Аъзоёни раёсат фаъолияти худро беподош амалӣ мекунад.
Моддаи 2. Мақсад ва функсияҳои асосӣ
2.1. Раёсат ба мақсади амалигардонии назорати ҷамъиятӣ аз рӯи фаъолият тибқи низомномаи Ташкилот, таъмини ахборотдиҳии ҷамъиятӣ, оммавӣ ва шафофияти фаъолияти Ташкилот, ташкил карда шудааст.
2.2. Раёсат функсияҳои асосии зеринро амалӣ мекунад:
- дар ҳолати ташкил ва гузаронидани гуфтушунидҳо бо ташкилотҳои манфиатдор, аз он ҷумла бо мақомоти давлатии иҷроия ва худидораи маҳаллӣ оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати давлатии ҷавонон ва барномаҳои давлатӣ;
- ба кори ташкилот ҷалб намудани шахсони манфиатдор, ки намояндагони ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, тибқи низомномаи Ташкилот;
- ташкил намудани чорабиниҳои маърифатӣ, ки барои баланд бардоштани касбияти аъзоёни фаолияти ташкилот равона карда шудааст;
- таъмини муносибат ва мусоидат барои ташкил намудани фазои кушоди маълумотӣ барои ҳамкорӣ бо ҳокимияти иҷроия, макомоти худидорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, таъмини маълумот дар бораи фаъолити доимии ва саривақтии ташкилот.
Моддаи 3. Тартиби ташкил ва ҳайати Раёсат
3.1. Ҳайати Раёсат аз ҷониби Маҷлиси умумии ташкилот интихобшуда, қарор дар бораи ташкили Раёсат, тасдиқи шумораи ҳайат ва интихоби аъзои онро доро мебошад.
3.2. Раёсат дорои роҳбар мебошад, ки аз тарафи аъзоенаш интихоб карда мешавад. Шумораи ҳайати Раёсат наметавонад аз се нафар кам ва аз хафт нафар зиед бошад.
Моддаи 4. Ташкили кори Раёсат
4.1. Маҷлиси Раёсати ташкилот як маротиба дар шаш моҳ гузаронида мешавад.
4.2. Барои гузаронидани маҷлиси Раёсат кворум аз ним зиед ҳиссаи иштирокчиҳо ташкил медиҳанд.
4.3. Қарор бо тариқи расмии овоздиҳии аксарияти иштирокчиҳо дар маҷлиси Раёсат бо овоздиҳии кушод қабул карда мешавад
4.4. Раёсат метавонад аз тарафи раиси Раёсат, бо ташаббуси дилхоҳ аъзои он ва мақомоти иҷроияи ташкилот, даъват карда шавад.
4.5. Ҷавобгарӣ барои даъвати Раёсат ба ӯҳдаи раиси Раёсат вогузор карда шудааст.
4.6. Нафаре, ки бо ташаббуси ӯ маҷлиси Раёсат даъват карда шуда буд, бояд дар бораи масъалаҳои баррасишаванда, ки тибқи онҳо қарор кабул карда мешавад, пешниҳод кунад. Раёсат бо гузаронидани маҷлисҳо фаъолияти худро амалӣ мекунад.
4.7. Агар ҳайати аъзоени Раёсат аз ҳайати ташкилкунандаи кворум кам бошад, пас Раёсат ҳуқуқ дорад бо ташаббуси гузаронидани маҷлиси ғайринавбатӣ даъват кунад ва ҳайати навро интихоб кунад.
4.8. Қарорҳои аз ҷониби Раёсат қабул шуда бо Протокол ба расмият дароварда мешаванд. Протокол на дертар аз се рӯзӣ корӣ пас аз гузаронидани маҷлиси Раёсат бояд тартиб дода шавад.
4.9. Дар Протоколи Раёсат бояд қайд карда шавад:
- ҷой ва санаи гузаронидани маҷлис;
- ҳайати аъзои Раёсат, ки дар маҷлис иштирок дошт;
- нафарони даъватшуда ва иштирокдошта;
- мавҷудияти кворум;
- рӯзномаи маҷлис;
- қабули қарорҳо дар ҳамчун тавсия ва натичаи овоздиҳӣ бо ҳар як банди рӯзномаи маҷлис.
Моддаи 5. Ваколатҳои Раёсат
Ба ваколатҳои Раёсат дохил мешавад:
- Ворид намудани пешниҳод оид ба тағйирот ва иловаҳо ба Оинномаи Ташкилот ва барои тасдиқнамоӣ ба Маҷлиси умумӣ фиристад;
- Оид ба азнавбақайдгирӣ ва барҳамдиҳии ташкилот ташаббус намояд ва ба Маҷлиси умумӣ ирсол намояд;
- Дар ҳолати зарурӣ маҷлисҳои ғайринавбатии Маҷлиси умумиро даъват намояд;
- Раиси Раёсат бо Раиси ташкилот қарордод ва дигар санадҳои дахлдорро вобаста татбиқи фаъолияти ташкилот ба имзо мерасонад;
- Назорат кардани расидани ташкилот ба мақсадҳое, ки ба хотирашон ташкил шуда буд;
- Қабул намудани Қарор оид ба кушодани филиалҳо ва намояндигоҳои Ташкилот, муайян ва тасдиқ намудани тартиби фаолияти онҳо;
- Ҷалб намудани маблағҳои молиявӣ, ки барои фаъолиияти такшилот зарур аст.
- Ҳуҷҷатҳои стратегиро барои рушди фаъолияти ташкилот таҳия менамояд;