1. Муқарароти умумӣ.
1.1. Низомномаи мазкур қисми молиявӣ ва сиесати кадрии амалкунандаи дар ташкилот мебошад.
1.2. Мақсади аз низомномаи мазкур ташаккул ва таъсиси захираҳои молиявӣ ва инсонӣ, тартиби таҳкими сиёсати мавҷудаи ташкилот иборат мебошад.
1.3. Низомномаи мазкур ба ҳама давраи лоиҳаҳои, ки дар буҷаи онҳо пардохтҳо сафарҳои хизматӣ пешбини карда шудааст. Дар давраи фаромарзии лоиҳа ва дар лоиҳаҳои, ки пардохти сафарҳо ба назар гирифта нашудааст хароҷотҳои сафар ҷуброн карда намешавад.
1.4. Барои ноил шудан ба мақсаҳои низомномаи мазкур, мафҳумҳои зерин истифода бурда мешавад:
Сафари хизматӣ – сафархои кормандони Ташкилот тибқи санадҳои Раис ё намояндаи ваколатдор барои муддати муайян (то 30 рӯз) ва ба масофаи беш аз 30 км барои иҷрои фармоиши хидмати (мониторинги лоиҳа, гузаронидани вохурӣ, «мизхои мудаввар», омузишҳо, семинарҳо, арзёбии дохилӣ, ба кор қабул намудани кормандон, ҳалли масъалаҳои маъмурӣ, техникӣ ва ғ.) берун аз махалли ҳамавақтаи корӣ.
Хароҷоти сафар – намудхои зерини харочотхои кардаи корманд, ки бо фармоиши рохбар берун аз маҳалли корӣ қарор дорад, иборат аст аз:
- хароҷоти ҳаррӯза, ғизо (наҳор, нисфирӯзӣ, шом);
- иҷораи бинои истиқоматӣ;
- хароҷотҳо барои ба чои лозима ва баргаштан рафтан.
2. Вазифахои низомнома оид ба сафархои хидмати дар Ташкилот
2.1. Вазифаҳои низомномаи мазкур иборат аст аз:
- аниқ намудин кафолатҳо ва ҷубронҳо барои кормандони ташкилот, ки ба сафари хидматӣ фиристода мешаванд;
- таъсиси дуруст ва бохироҷ истифода намудани маблағҳои ҷудокардаи донор барои хароҷотҳои сафарҳои хизматӣ;
- муайян намудани меъёрхои ҷуброни маблағҳои кормандони Ташкилот, ки дар сафари хидматӣ сарф шудааст.
Низомномаи мазкур дар асоси Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамал дар бораи тартиби пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 январи соли 2015 таҳти №38.
3. Кафолатхо барои кормандони Ташкилоти фиристодани ҳангоми дар сафари хизматӣ будан.
3.1. Барои корманди дар сафари хизматӣ буда, ҷои кор ва вазифааш нигоҳ дошта мешавад.
3.2. Музди меҳнати нигоҳ дошта мешавад.
3.3. Хароҷотҳои дар сафари хизматӣ шуда, дар доираи шаҳодатномаи сафари хизматӣ ва маблағи дар буҷаи лоиҳа пешбинишуда баргардонида мешаванд.
4. Мӯҳлати сафарҳои хизматӣ
4.1. Сафари хизматӣ мувофиқи санади корфармо бо зикри нуқтаи даркорӣ, мӯҳлат ва мақсади сафар нашр мешавад.
4.2. Ба ҳар як корманди ба сафари хизматӣ фиристодашуда шаҳодатномаи сафари хизматии бақайдгирифташуда дар дафтари бакайдгирии сафарҳои хизматӣ ва ба имзо расида аз Сарвари иҷроия ё намояндаи ваколатдор дода мешавад.
4.3. Мӯҳлати мондани коргари Ташкилоти дар сафар муайян карда шуда, тибқи шумораи воқеии рӯзҳои сафар, аз рӯзи рафтан то рӯзи омадан дар шаҳодатномаи сафари хизматӣ ба инобат гирифта мешавад.
4.4. Мӯҳлати мондан дар ҷои сафари хизматӣ, бо бақайдгири дар шаҳодатномаи сафар аз рӯзи омадан то рӯзи рафтан аз сафар муайян карда мешавад. Агар сафари корманд дар нуқтаҳои гуногун бошад рӯзи омад ва рӯзи рафтанаш дар хар як нуқта ба кайд гирифта мешавад.
4.5. Рӯзи рафтан ба сафар, рӯзи фиристодани воситаи нақлиёт аз ҷои ҳамавактаи кории корманд ба хисоб меравад. Рӯзи омад аз сафар рӯзе, ки воситаи нақлиёт баргардонида мешавад аз тарафи корманди дар сафар буда ба ҷои кори аслиаш ҳисобида мешавад. Дар вақти фиристодани воситаи нақлиёт то 24 соати ҳамон рӯз, рӯзи рафтан ҳисоб мешавад ва аз соати 01 сар карда – дигар рӯз ҳисоб мешавад.
4.6. Корманди ба сафар равонашуда аз нисф ё охири рӯзи корӣ то рафтанаш бояд дар ҷои кор бошад. Вақти баргаштани коргар ба ҷои кории худ то охири рӯзи корӣ, масъалаи вақти баргашт ба кор дар хамин рӯз, муайян карда мешавад.
4.7. Ба кормандони дар сафари хизматӣ буда ҳолати вақти корӣ ва вақти истироҳати ҳамон мақомоту корхона амал мекунад. Ба ҷои рӯзҳои истироҳати дар сафар истифода бурда нашуда дигар рӯзҳо баъди сафар пешниход карда намешавад.
5. Тартиби нашри сафарҳои хизматӣ ва баргардонидани харочотҳои сафар.
5.1. Ба корманд пеш аз сафар кардан ба сафари хизматӣ ғайринақди пешакӣ дода мешавад, дар доираи маблағи барои роҳ сарфшаванда, ҳаррӯза ва хароҷотҳои барои иҷораи ҷои истиқоматӣ дар доираи меъёрҳои тасдиқшуда.
5.2. Кормандони дар сафар буда на бештар аз 3 рӯз баъди баргаштан бояд ҳисоботи сарфшавии нақди пешакӣ ва дар муддати 5 рӯз ҳисоботи хаттӣ аз натиҷаи сафари хидматӣ пешниҳод кунанд. Сарвари иҷроия ё намояндаи ваколатдор бояд на дертар аз 5 рӯз пас аз гирифтани маърӯза ва\ва ё ҳисоботи корманди дар сафари хизматӣ буда, карор қабул кунад.
5.3. Шаходатномаи сафари хизматӣ якҷо бо ҳисоботи нақди пешакӣ асос барои хисоби хароҷотҳои корманд дар сафар мебошад. Бе бақайдгирӣ дар шаҳодатномаи сафаи хизматӣ рӯзи рафтан ва рӯзи омадан ҳисоботҳо оид ба сафари хизмати гузаронида намешавад. Қисми сарфнашудаи нақди пешакӣ баъди баргаштан аз тарафи корманд баргардонида мешавад.
5.4. Дар ҳолати вайрон намудани талаботи тартиботи меҳнатӣ, ки боиси номувофик иҷро кардани кор ва дар вақташ пешниход накардани ҳисобот дар бораи кори ичрокардааш, аз тарафи корманд ба корманд чорахои ҷазои тартиботӣ (огоҳӣ, сарзаниш ва хориҷ) дода мешавад.
5.5. Дар ҳолати бекор кардани сафар ё кам кардани муҳлати он бо санади корфармо, маблағи баҳисоб гирифташуда ба ташкилот баргардонида мешавад.
5.6. Хароҷотҳои дар натиҷаи худсарона ба сафар рафтани корманд ҷуброн карда намешавад.
5.7. Барои ҷуброни ҳисоботҳои корманди Ташкилоти барои хар рӯзи будани корманд дар сафар, ҳаррӯза пардохт мешавад:
- дар мамлакатҳои дур ва наздики хориҷа – бо андозаи на кам аз 55 доллари ИМА;
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ш. Душанбе аз 120 сомонӣ то мувофиқи бучаи лоиҳа;
- дар Марказҳои вилоятӣ ва ноҳиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 80 сомонӣ то мувофиқи буҷаи лоиҳа;
- дар дигар нуқтаҳои аҳолинишин аз 40 сомонӣ то мувофиқи буҷаи лоиҳа.
5.8. Хароҷоти истиқомат ҳангоми пешниҳоди квитансияҳо оид ба пардохти маблағи истиқомат дар меҳмонхона ҷуброн карда мешавад.
5.9. Хароҷоти рӯзмарра ба андозаи ченаки асъори хориҷӣ аз рӯи қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муайян карда мешавад. Маблағи хароҷот тариқи зайл муайян карда мешавад: хӯроки субҳ – 20%, хӯроки нисфирӯзӣ – 30%, хӯроки шом – 35% ва дигар хароҷот – 15% аз маблағи умумии хароҷоти рӯзмарра.
5.10. Дар сурати сафарҳои хизматии кормандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз қаламрави он бо даъвати дигар ташкилотҳо ё дар доираи лоиҳаҳои муштарак, пардохт барои рафту омад ва истиқомати кормандони ташкилот тибқи қоидаҳо ва талаботи тарафи даъваткунанда анҷом дода мешавад.