1. Муқаррароти умумӣ
Сиёсати баҳисобгирӣ принсипҳои мушаххас, усулҳо, қоидаҳо ва дастурҳои амалӣ, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» дар рафти таҳия ва пешниҳод намудани ҳисоботи молиявӣ, андоз ва ҳисоботи оморӣ коркард намудааст, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд нашудаанд, вале дар фаъолияти амалии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» ҷой дорад.
Асоси ҳуқуқии ҳуҷҷати мазкурро низомнома, фармоишҳо, дастурҳо, лоиҳаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ташкилию фармоишӣ тартиб медиҳанд, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд ва ба фаъолияти кории Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» татбиқ карда мешавад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» ҳисобот ва Сиёсати баҳисобгирии мазкурро ба қисматҳои ба онҳо дахлдор пешниҳод менамояд:
а) Донорон, шарикон;
б) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) Нозироти андози шаҳри Душанбе;
г) Агентии омори шаҳри Душанбе;
д) Фонди ҳифзи иҷтимоии ҶТ;
Пешниҳод намудани ҳисоботи молиявӣ, муҳосибӣ ва дигар маълумот ба шахсони дигар танҳо тариқи розигии хаттии роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» ё дар ҳолатҳои пешбинишудаи қонун (қарори суд, прокуратура ва ғайра) пешбинӣ шудааст.
1.1. Ҳисобот ва баҳисобгирии молиявии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам»-ро сармуҳосиб иҷро мекунад.
1.2. Сармуҳосиб корманди асосии молиявӣ ба шумор рафта, барои тамоми амалиётҳои молиявие, ки ба ташкилот дахл доранд, ҷавобгар мебошад (ӯҳдадории андоз, ҳисоби намудани маош, тасдиқ намудани ҳамаи хароҷотҳои лоиҳавӣ ва маъмурӣ, омода намудани ҳисобот барои сарпараст ва дигар ҳисоботҳое, ки аз рӯи фаъолияти Ташкилот вобаста ба муҳосибот дар корхона ва муассисаҳои давлатӣ заруранд).
1.3. Амалиётҳо оид ба қабул, баҳисобгирӣ, пардохт ва нигоҳдории маблағҳо бо риояи ҳатмии қоида, ки ба таъмини амнияти онҳо нигаронида шудааст, хазиначӣ ё сармуҳосиби Ташкилот иҷро мекунад. Тибқи тартиботи муқарраргардида ҳуҷҷатҳоро, барои гирифтани маош, сафари хизматӣ ва дигар хароҷотҳои маъмурии мустақим маблағҳои пулиро аз муассисаҳои бонкӣ мегирад. Тибқи ҳуҷҷатҳои даромад ва хароҷот китоби хазинавиро мебарад. Маблағи воқеиро бо бақияи китобӣ муқоиса мекунад. Ҳисоботи хазинавиро тартиб медиҳад.
1.4. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хароҷотҳо бо асъори миллӣ (сомонӣ) амалӣ мешаванд. Дар ҳолати бо асъори хориҷӣ ворид гардидани маблағи молиявӣ, пардохт бо асъори миллӣ ва қурби бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобӣ карда мешавад.
1.5. Соли молиявии ташкилот аз 01 январ оғоз гардида 31 декабри ҳар сол анҷом меёбад.
1.6. Баҳри шаффофияти молиявии фаъолияти Ташкилот, ҳарсола ҳуҷҷате омода мегардад, ки он иборат аст, аз ҷумла:
a) маълумот дар бораи грант бо номгӯи лоиҳа, мӯҳлат ва сарпараст (донор);
b) маблағи даромад ва хароҷот барои соли молиявӣ;
c) ҳосили ҷамъи маблағи дар гардишбуда ва дар гардишнабуда;
d) ҷамъи маблағи хароҷот аз рӯи категорияҳои алоҳидаи намунаи тасдиқгардида (дар замима)
2. Сохтори ташкилӣ ва мақоми ҳуқуқӣ
2.1.Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» - ташкилоти ҷамъиятӣ, ғайриҳукуматӣ, ғайрисиёсӣ, ғайритиҷоратӣ буда, шахси ҳуқуқӣ мебошад ва дар асоси Оиннома ва қонуни амалкунандаи ҶТ фаъолият мебарад;
2.2.Фаъолияти ТҶ «Ҳамқадам»: Ҳадафи асосии фаъолияти Ташкилот мусоидат ба рушди устувор, дастгирии ташаббусҳои наврасону ҷавонон дар самти рақамикунонӣ ва экология, инчунин баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа мебошад;
2.3.ТҶ «Ҳамқадам» дар ҶСК «Алиф Бонк» суратҳисоб бо асъори миллӣ дорад, ки фаъол мебошад:
Бонки гиранда: | ҶСК «Алиф Бонк» |
МФО: | 350101900 |
РМА (бонк): | 030026536 |
Суратҳисоби корреспондентӣ: | № 20402972919001 дар НБТ |
Ҳисоби ҳисобии бонк: | № 10301972600000000101 |
Гиранда: | Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» |
Суратҳисоб: | 20202972500108642401 |
РМА (ташкилот): | 040072167 |
2.4. ТҶ «Ҳамқадам» дар қайди Нозироти андози ш. Душанбе ҳамчун андозсупоранда меистад, РМА 040072167, рақами қайди пардохткунанда дар Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ №___ мебошад.
3. Барои кори мувофиқ ба муҳосиб зарур аст:
3.1. Омода кардани китоби хазинавӣ ва дар он қайди маълумот оид ба даромад ва хароҷоти маблағҳо;
3.2. Китоби хазинавӣ бояд аз ҷониби роҳбарияти ташкилот расман тасдиқ гардад;
3.3. Тамоми хароҷотҳо аз рӯи китоби хазинавӣ бояд ба 2 қисм тақсим карда шаванд:
а) хароҷотҳои маъмурии мустақим – пардохти ягона танзим карда шуда, аз рӯи фоизи мутаносиби байни лоиҳаҳо тибқи буҷа тақсим карда мешаванд (иҷораи офис, хизматрасониҳои коммуналӣ, алоқа (телефон, интернет), хизматрасониҳои техникӣ, молҳои идоравӣ, ҷамъи амволи техникӣ, хароҷотҳо барои нақлиёт, дигар хароҷотҳое, ки барои нигоҳдории маъмурии офис алоқаманд аст);
б) хароҷотҳои лоиҳавӣ – яъне хароҷотҳое, ки барои амалисозии фаъолияти лоиҳа алоқаманданд.
4. Пардохти ҳаққи хизмат
4.1. Тамоми пардохтҳо аз рӯи маоши кормандон, ҳамчунин мутахассисони даъватшудаи шартномавӣ, ба тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ бо роҳи гузаронидан ба корти бонкӣ амалӣ карда мешавад.
4.2. Асос барои пардохт намудани маоши корманд шартномаи меҳнатӣ, фармоиш оид ба кор қабул кардан ва табели корӣ мебошад.
4.3. Асос барои пардохт намудани маоши мутахассисони даъваткарда-шудаи шартномавӣ, - шартнома дар бораи хизматрасонӣ, ҳамчунин санади қабули кор мебошад.
5. Тартиби аз хазинаи ташкилот гирифтани маблағ ва гузаронидани озмун/тендер барои хариди молу хизматрасонӣ.
Барои гирифтани маблағи нақд барои хароҷотҳои мустақим ва лоиҳавӣ зарур аст:
5.1. Пур кардани бланки дархости пардохт (талабнома). Бланк барои пардохти лоиҳавӣ аз ҷониби кормандони лоиҳа ва аз ҷониби маъмурият (маъмур - администратор) барои пардохтҳои маъмурӣ пур карда мешавад.
5.2. Аз тарафи кормандони лоиҳа на дертар аз санаи 25 охири моҳ, барои хароҷотҳои равони лоиҳавӣ барои моҳи оянда дархост пур карда мешавад.
5.3. Бо мақсади таъмини шаффофияти хариди молу хизматрасонӣ дар ТҶ «Ҳамқадам» ва бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ/миллӣ ва талаботҳои шарикони рушд, озмун/тендер дар асоси принсипҳои зерин, ташкил карда мешавад.
• шаффофият;
• баробарии иштирокчиёни озмун/тендер;
• мутаносибии нарх ва сифат;
• мувофиқ будани арзиши молу хизмат бо буҷаи лоиҳа;
5.4. Дар ТҶ «Ҳамқадам» озмун/тендер зинаҳои зеринро дар бар мегирад;
• дархост оид ба оғози озмун/тендер;
• эълони озмун/тендер (муҳлати эълони озмун/тендер бояд аз 8 рӯзи корӣ кам набошад);
• тартиб додани рӯйхати ташкилотҳои ҳавасманд барои иштирок дар озмун/тендер;
• рӯйхати ташкилотҳое, барои иштирок дар озмун/тендер) пешниҳодҳои тиҷоратии худро ирсол намуданд;
• гузаронидани маҷлиси комиссияи озмун/тендер ва муайян намудани ғолиб;
• бастани шартнома;
• таъмини назорат аз болои иҷроиши ӯҳдадориҳои шартномавии таъминкунандаи молу хизматрасонӣ;
• тартиб додани санади қабули кору хизматрасонӣ;
• пардохт намудани хизмати расонидашуда ё маблағи моли таъминшуда дар асоси ҳисоб фактура;
5.5. Ҳангоми харидории бор/мол/хизматрасонӣ ба маблағи то 3500,00 (се ҳазору панҷсад) сомонӣ, тариқи мустақим аз тарафи таъминкунандаи бор/мол/хизматрасонӣ харидорӣ карда мешавад.
5.6. Ҳангоми харидории бор/мол/хизматрасонӣ ба маблағи аз 3500,00 (се ҳазору панҷсад) сомонӣ то 15000,00 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ, бояд пешниҳодҳои тиҷоратӣ на камтар аз се ширкат барои амалӣ намудани харидории оптималӣ (нарх-сифат), пешниҳод гардад. Тамоми нархҳои муқоисавӣ бояд ба ҳуҷҷати харидорӣ замима гарданд.
5.7. Ҳангоми харидорӣ намудани бор/мол/хизматрасонӣ бо маблағи зиёда аз 15000,00 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ то 100000,00 (сад ҳазор) сомонӣ бояд озмун эълон карда шавад. Тартиби гузаронидани озмун тибқи меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ба амал бароварда мешавад.
5.8. Ҳангоми харидорӣ намудани бор/мол/хизматрасонӣ бо маблағи зиёда аз 100000,00 (сад ҳазор) сомонӣ бояд тендер эълон карда шавад. Тартиби гузаронидани Тендер тибқи меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ба амал бароварда мешавад.
5.9. Барои гирифтани маблағ аз хазинадор, дархост бояд аз ҷониби роҳбари ташкилот тасдиқ карда шавад.
5.10. Ҳангоми пардохт ва ё баргардонидани маблағи сарфкарданашуда, санаи пардохт/баргардонидан, насаби қабулкунанда/пардохткунанда, номгӯи лоиҳа, арзиши маблағи пардохтшаванда/баргардондашаванда, мақсади истифодабарӣ, имзои қабулкунанда/пардохткунанда ва хазинадор бояд нишон дода шавад.
5.11. Меъёри нигоҳдории маблағи нақдӣ дар хазинаи ташкилот 1000 сомонӣ муқаррар шудааст.
6. Ҳисоботдиҳӣ, назорат ва ӯҳдадорӣ
6.1. Ҳамаи ҳисоботҳо ва хароҷотҳо бояд ҷавобгӯ бошанд ба: асосҳои ташкили меҳнат, қонунгузории меҳнат ва ҳифзи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории андоз, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва бояд аз тарафи сармуҳосиб назорат карда шаванд.
6.2. Кормандони молиявӣ бояд ҳуҷҷатҳои дастурӣ ва меъёрҳоро (қарор, фармон, дастур, дастурамал ва ғ.), ки барои амалиётҳои молиявӣ, шаклҳои хазинадорӣ ва ҳуҷҷатҳои бонкӣ, тартиби қабул, пардохт, баҳисобгирӣ, ҳисобот ва нигоҳдории маблағ дахл дорад, бидонанд.
6.3. Сармуҳосиб маблағҳоро барои маош ва андоз ҳисоб мекунад.
6.4. Шахси масъул барои пардохти андоз ва омодасозии ҳисоботҳои иҷтимоиву андоз, сармуҳосиб мебошад.
7. Тартиби барасмиятдаровардани ҳуҷҷатҳои хазинавии воридот ва хароҷот, пешбарии китоби хазинавӣ ва тартиб додани ҳисоботи хазинавӣ
7.1. Ҳисоботҳои молиявӣ бояд бо замимаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод гарданд:
а) оид ба хароҷотҳои маъмурӣ на дертар аз санаи 10 моҳи оянда;
б) хароҷотҳои лоиҳавӣ (чорабиниҳои фаврӣ) на дертар аз 5 рӯзи корӣ пас аз ба итмом расидани чорабинӣ.
7.2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки аз ҷониби маъмур/ҳамоҳангсоз супорида мешаванд, хазиначӣ бояд бодиққат тафтиш карда, онҳоро ба сармуҳосиб барои ворид намудани маълумот ба китоби воридотӣ супорад.
7.3. Роҳбарон/ёрдамчиҳои маъмурии лоиҳа барои фаъолияти молиявии худ дар назди муҳосиб ва хазиначӣ ҷавобгаранд. Муҳосиб ва хазиначӣ ҳуқуқ доранд дилхоҳ маълумот ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи амалиётҳои пардохтиро талаб намоянд.
7.4. Хазиначӣ ё муҳосиб ӯҳдадор аст бақияи дар бонк ва хазина бударо бо китоби хазинавӣ муқоиса намояд, ва онҳоро ба сармуҳосиб бо тартиби даврӣ супорад.
7.5. Тамоми ҳисоботҳо аз рӯи грантҳо ба таври даврӣ ва ё бо ба итмом расидани лоиҳа вобаста аз аҳди тарафҳо, аз ҷониби сармуҳосиб иҷро карда мешавад.
7.6. Хазиначӣ барои воридоти маблағ ба хазина ҷавобгар буда ва бояд мунтазам мавҷудияти фондро тибқи лимити бақияи хазинавии нақдӣ, ки барои ташкилот муқаррар шудааст, назорат кунад.
7.7. Барои назорати таъмини амнияти нақдӣ ба сармуҳосиб зарур аст, ки бо таври ҳатмӣ хазинаро бо китоб муқоиса намояд, ҳамчунин хазина метавонад аз тарафи сармуҳосиб ва ё корфармо дар ҳозирии шоҳид дар дилхоҳ вақт (бе огоҳӣ) тафтиш намоянд, аз тарафи роҳбарият акс карда шавад. Ҳангоми камомад ва барзиёд байни маблағи нақдии ҳисобкардашуда ва китоб, хазиначӣ бояд баёнот нависад ва дар асоси он роҳбарият чораҳо андешад.
8. Маблағи пардохт ва ҳуҷҷатгузории молиявӣ
8.1. Барои ба сафари хизматӣ фиристодани корманд дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз қаламрави он, санад/фармони корфармо тартиб дода мешавад.
8.2. Хароҷотҳо оид ба сафари хизматӣ иборат аст аз хароҷот барои нақлиёт, истиқомат ва хароҷоти шабонарӯзӣ.
8.3. Хароҷотҳо оид ба сафари хизматӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва берун аз он бо асъори ғайримиллӣ (бо доллари ИМА) ҳисобӣ карда мешавад.
8.4. Маъмур/ҳамоҳангсози лоиҳа хариди чиптаҳои ҳавоиро таъмин мекунад. Мустақилона харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавоӣ, танҳо пас аз мувофиқат бо маъмур/ҳамоҳангсози лоиҳа иҷозат дода мешавад. Дар ҳолати мустақилона харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавоӣ, хароҷотҳо пас аз пешниҳод намудани расид дар бораи харидории чиптаҳои ҳавоӣ ва нусхаи аслии талони нишаст, подош карда мешаванд. Дар ҳолати амали намудани сафар бо нақлиёти заминӣ (қатора, таксӣ), пардохт пас аз пешниҳод намудани чиптаҳои терминалӣ подош мегардад. Дар ҳолати набудани чиптаҳои терминалӣ, пардохт дар асоси шартнома дар бораи хизматрасонии ҳамлу нақл, бо замимаи нусхаи шиноснома/шаҳодатномаи ронандагии ронанда, нусхаи шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ ва нусхаи расиди пардохти андоз барои моҳи охирон подош мегардад.
8.5. Хароҷотҳо вобаста ба истиқомат, пас аз пешниҳод намудани расид дар бораи пардохти истиқомат дар меҳмонхона подош карда мешавад.
8.6. Бо мақсади ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ ба кормандони ТҶ «Ҳамқадам», инчунин шахсоне, ки дар татбиқи лоиҳаҳо иштирок мекунанд (иштирокчиёни семинарҳо, меҳмонони даъватшуда, шарикон, мушовирон ва дигарон) ва ба сафарҳои хизматӣ ба кишварҳои хориҷи дуру наздик, инчунин дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №531 аз 31 октябри соли 2008 меъёрҳои зерин муқаррар карда шаванд:
Маблағҳои сафарҳои хизматӣ дар ду марҳила интиқол дода мешавад. Бори аввал бо 80% маблағи маслиҳатшуда, бори дуюм- 20% (пардохти ниҳоӣ) ҳангоми анҷоми сафари хизматӣ ва бо пешниҳоди ҳисоботи пешпардохтӣ. Дар ҳолатҳои зарурӣ маблағҳои сафарҳои хизматӣ 100% интиқол карда мешаванд.
8.7. Ҳангоми амали намудани дилхоҳ харид ва ё ҳисоби намудани хароҷотҳо вобаста ба гузаронидани тренингҳо/семинарҳо ва дигар чорабиниҳо, бояд чек/расид ва пардохтномаро талаб намуд.
8.8. Хароҷотҳо барои интишор ва чопи маводҳо бояд дорои чеки хазинавӣ/расид ва пардохтнома (счет/фактура), дошта бошад ва дар он бояд қайд шавад, ки а) барои интишор: номгӯи интишорот, забони интишорот, арзиш барои якто, шумора ва арзиши умумӣ; б) барои чопи мавод: шумораи саҳифа, арзиш барои як саҳифа, шумора ва арзиши пурра.
8.9. Хароҷотҳо барои пардохти тарҷумаҳои хаттӣ аз рӯи 1 (як) саҳифа = 1800 аломат бефосила амалӣ карда мешаванд. Арзиш барои 1 (як) саҳифа 13 доллари ИМА муқаррар карда шудааст ва бо асъори миллӣ тибқи қурби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт ҳисобӣ карда мешавад.
№ | Шаҳру кишвари фиристодашуда | Хароҷоти шабонарӯзӣ (суточные) | Хароҷоти зист (Проживание) |
|---|---|---|---|
1. | Кишварҳои хориҷи дуру наздик | 55 доллари ИМА* | Аз 60 то 240 доллари ИМА |
2. | Душанбе | аз 40 сомонӣ то мувофиқи буҷаи лоиҳа* | аз 120 сомонӣ то мувофиқи буҷаи лоиҳа* |
3. | Марказҳои вилоятӣ ва ноҳиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон | аз 30 сомонӣ то мувофиқи буҷаи лоиҳа* | аз 80 сомонӣ то мувофиқи буҷаи лоиҳа* |
4. | Дигар нуқтаҳои аҳолинишин | аз 30 сомонӣ то мувофиқи буҷаи лоиҳа* | аз 40 сомонӣ то мувофиқи буҷаи лоиҳа* |