Муқаддима
Моддаи 1. Низомҳои умумӣ
Моддаи 2. Шароит ва тартиби қабул ба аъзогии ташкилот
Моддаи 3. Тартиб ва муҳлати пардохти аъзоҳаққи ба ташкилот
Моддаи 4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои ташкилот
Моддаи 5. Тартиб ва шароити баромадан аз аъзогии ташкилот
Моддаи 1. Низомҳои умумӣ
1.1. Низомномаи мазкур оид ба аъзогӣ (дар оянда Низомнома) Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» (дар оянда Ташкилот) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи ташкилот тартиб дода шудааст.
1.2. Низомномаи мазкур тартиб ва шароити қабул ба аъзогии Ташкилот ва муҳлати пардохт намудани аъзоҳаққӣ дар ҳолати зарурӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадории аъзоҳо, шароит ва тартиби қатъ гаштани аъзогӣ муайян карда мешавад.
1.3. Ба аъзогии ташкилот нафароне кабул карда мешаванд, ки шахси воқеъи буда барои ҳалли масъалаҳои Ташкилот ва барои амали намудани мақсадҳои Ташкилот манфиатдор мебошанд.
1.4. Аъзогӣ дар ташкилот барои амалӣ намудани фаъолияти асосӣ ва дигар фаолияташон ягон маҳдудият намегузорад.
Моддаи 2. Шароит ва тартиби қабул ба аъзогии Ташкилот
2.1. Ба аъзогии Ташилот шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 солагӣ расидаанд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки бо тариқи қонунӣ дар Ҷумҳурии Точикистон зиндагӣ мекунанд, тарафдори мақсадҳои Ташкилот мебошанд, Оинномаро эътироф мекунанд ва барои кори Ташкилот шахсан иштирок доранд.
2.2. Шахсоне, ки мехоҳанд аъзогиро ба даст оранд бояд ба номи Раиси Раёсат пешниҳод кунад:
- ариза;
- нусхаи шиноснома.
2.3. Қарор дар бораи ба аъзогии Ташкилот қабул гаштан аз тарафи Маҷлиси умумӣ бо овоздиҳии аксарият аз шумораи умумии аъзоени Маҷлиси умумии Ташкилот дар асоси аризаи шахси қабул карда мешавад.
2.4. Қарори Маҷлиси умумии Ташкилот дар бораи ба аъзогӣ қабул кардан ва ё рад кардан пас аз ду моҳи баровардан ба хоҳишмандон расонида мешавад.
Моддаи 3. Тартиб ва муҳлати пардохти аъзоҳаққӣ ба Ташкилот
3.1. Арзкунандае, ки оид ба қабул шудан ба аъзогии Ташкилот Қарори мусбӣ гирифт, бо хоҳиши худ метавонад аъзоҳақӣ пардохт намояд.
3.2. Аъзоҳақӣ бо дар асоси хоҳиш ва ихтиёри аъзои Ташкилот пардохт карда мешавад.
Моддаи 4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои Ташкилот
4.1. Аъзоёни Ташкилот - шахсони воқеъи – ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд.
4.2. Тибқи Оинномаи Ташкилот аъзоёни Ташкилот новобаста аз намуди аъзогиашон ҳуқуқ доранд:
- Дар Комиссияи тафтишотӣ ва мақоми роҳбарикунандаи Ташкилот -интихоб шаванд ва интихоб кунанд;
- Дар Комитетҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои кории Ташкилот доимӣ ва муваққатӣ кор кунанд;
- Оид ба фаъолияти Ташкилот пешниҳодҳо ворид намуда, ҳангоми баррасӣ ва амалигардонии он иштирок кунад;
- Аз Ташкилот ёрии машваратӣ, методикӣ ва дигар намуди ёриро гирад;
- Ба хизматрасонӣ, дастгирӣ ва ёрии Ташкилот ройгон дастрасӣ дошта бошад;
- Дар ҳамаи чорабиниҳои Ташкилот иштирок дошта бошад;
- Манфиати Ташкилотро дар мақомотҳои давлати ва дигар мақомотҳо, ҳамчу-нин бо муносибат бо дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандон бо супориши интихоби мақомотҳояш ширкат варзад;
- Дар бораи фаъолияти Ташкилот малумот гирад;
- Аз аъзогии Ташкилот бо пешниҳод намудани ариза озод барояд.
4.3. Тибқи Оиннома аъзоени Ташкилот ӯҳдадоранд:
- Оинномаи ташкилотро риоя кунанд;
- Ҳуҷҷатҳои дохилии Ташкилотро иҷро намуда, тибқи он амал кунанд;
- Дар фаъолияти Ташкилот иштирок кунанд, барои ҳалли масъалаҳое, ки дар назди Ташкилот вогузор карда шудааст, мусоидат намоянд;
- Қарорҳои мақоми роҳбарикунандаи ташкилотро иҷро кунанд;
- Бо фаъолияти худашон барои баланд бардоштани самаранокии кори Таш-килот мусоидат кунанд;
- Ҳангоми амалисозии фаолияташон қарор ва тавсияҳои Маҷлиси умумӣ ва Сарвари Ташкилотро ба инобат гиранд;
- Фаъолияташонро дар асоси принсипҳои эҳтироми аъзоен ва ҳалолкорӣ ама-лӣ намуда, ба ҳолатҳои суистифодабарии анҷоми Ташкилот роҳ надиҳанд;
- Амалҳое, ки боиси вайрон кардани Оинномаи Ташкилот мегардад, ва ҳамчунин амалҳое, ки зарари модди ва ё дигар намуди зарар ба ташкилот расонида мешавад, худдорӣ намояд. Аз фаолияте, ки ба мақсад ва вазифаҳои Ташкилот мухолифат дорад даст кашанд.
Моддаи 5. Тартиб ва шароити баромадан аз аъзогии Ташкилот
5.1. Аъзогии аъзоӣ Ташкилот бо пешниҳод намудани ариза ба Раиси раёсат қатъ карда мешавад.
5.2. Аъзогӣ дар он ҳолати пешниҳод намудани ариза ва баровардани Қарор аз тарафи роҳбарият қатъ мешавад.
5.3. Аз аъзогии Ташкилот дар он ҳолат хориҷ карда ҳисоб меёбад, ки агар фаъолияти ихтилоф ба мақсад ва вазифаҳои Ташкилот, ҳамчунин ба маҳдудкунии ҳуқуқи Ташкилот ва ё расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ равона гардида бошад.
5.4. Хориҷ кардан аз аъзогии Ташкилот бо тариқи овоздиҳии аксарият аз тарафи Маҷлиси умумӣ амалӣ карда мешавад.