Муқаддима
1. Фаъолияти муҳимтарини ТҶ «Ҳамқадам» дар сатҳи кишвар сурат мегирад, ки бо ташкилотҳои ҳукуматӣ, ғайриҳукуматӣ, тиҷоратӣ корро пеш бурда ва ба мизоҷон дар асоси татбиқи ҳадафҳои Оинномавии ташкилот ва ҳадафҳои нақшаи стратегӣ хизматрасонӣ менамояд.
2. Дар сиёсати мазкур муҳим будани мониторинг ва арзёбии кор ва фаъолияти худ барои ТҶ «Ҳамқадам» баён гардида, принсипҳои асосӣ ва ӯҳдадориҳо бояд аз тарафи ихтиёриён ва кормандон ҳангоми кор роҳнамоӣ кунанд, зикр гардидаанд.
Принсипҳо
3. Самаранокии ташкилӣ (ташкилотӣ) дар ТҶ «Ҳамқадам» маънои қобилияти ташкилотро барои амалӣ намудани вазифаҳои худ тавассути маҷмӯи идоракунии самаранок, хуб ва садоқатмандӣ барои ба даст овардани натиҷаҳоро дорад.
Мониторинг, арзёбӣ ва омӯзиш:
4.1. Аз самаранокии ташкилотӣ ҷудонашавандаанд, зеро онҳо бо натиҷаҳои бадастомада ва таҳлил ва инъикоси раванде, ки ба ин натиҷаҳо оварда расониданд, алоқаманданд.
4.2. Ба ихтиёриён ва кормандон имконият медиҳад, ки рафти хуб ва на он қадари кор, беҳтар гардонидани лоиҳаҳо ва оид ба таҳияи лоиҳаҳои нав маълумот диҳанд.
4.3. Боиси ҳисоботдиҳии хуб оиди иҷрои кори Ташкилот, ба мизоҷони мо ва онҳое, ки фаъолияти моро дастгирӣ менамоянд (донорҳо ва шарикони дигар), мегардад.
Уҳдадориҳо:
5. ТҶ «Ҳамқадам» уҳдадор аст:
5.1. Ихтиёриён ва кормандонро дар беҳтаргардонии малакаҳои арзёбӣ ва қабули қарор, дастгирӣ намояд;
5.2. Дар амалӣ намудани усули иштироки васеъ дар мониторинг ва арзёбӣ, ки дар он кормандони асосӣ, ба лоиҳа таваҷҷуҳи хоса доранд, фаъолона ва ҳаматарафа дар он иштирок менамоянд;
5.3. Мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба натиҷаҳои арзёбӣ, барои муайян намудани мақсадҳо ва вазифаҳои стратегие, ки ТҶ «Ҳамқадам» ба онҳо расид ё не;
5.4. Нишон додани таъсири фаъолияти ТҶ «Ҳамқадам» дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳон, ки ба таври боварибахш, ба осонӣ дарк мекарда ва ростқавлона мебошанд.
Татбиқ
Барои амалӣ намудани ин принсипҳо ва ӯҳдадориҳо:
6. Раис то ҳадди имкон бояд бовар дошта бошад, ки:
6.1. Захираҳо дастрас мебошанд, система ва равандҳо барои гузаронидани мониторинги ҷорӣ ва арзёбии лоиҳаҳо, дар ҷойи худ мебошанд,
6.2. Қарорҳо оид ба барномаҳо ва тақсимоти захираҳо ба таҳлили самаранокӣ ва эҳтиёҷотӣ асос меёбанд;
6.3. Аъзоёни ТҶ «Ҳамқадам» дар ҳамаи сатҳҳои Ташкилот бо далелҳои лозима барои гузаронидани мониторинги ТҶ «Ҳамқадам» дар робита бо нақшаи стратегӣ ва оператсионӣ ва иҷрои дигар масъулиятҳои идоракунӣ таъмин гардидаанд.
7. ТҶ «Ҳамқадам» кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки усулҳои мунтазам, ки ба иштироки васеъ ва боэътимоди мониторинг ва арзёбӣ асос ёфтааст, барои таъмини самаранокии лоиҳа ворид намояд.
7.1. Ба арзёбӣ ниёз дорад.
7.2. Нақшаи мониторинг ва арзёбӣ дар асоси индикаторҳои (нишондиҳандаҳои) иҷрои кор.
7.3. Пурсишҳои заминавӣ ва хотимавӣ.
8. Раёсатиташкилот ва Сарвари иҷроия:
8.1. Роҳнамо ва равандҳои мониторинг ва арзёбиро таҳия менамояд;
8.2.Сифати арзёбии ТҶ «Ҳамқадам» мониторинг мекунад;
8.3. Пешравиро ҳангоми татбиқи Стратегияи ташкилот ва лоиҳаҳои ҷории ташкилот бо нишондиҳандаҳои миллӣ ваҷаҳонӣ (оид ба иҷрои кор) арзёбӣ менамоянд. Маълумотҳои зикргардида бо шарҳи аниқ илова ва пур карда мешаванд.