1. Муқаддима
Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» ба сиёсати таҳаммулнопазирии комил нисбат ба рафтори нодурусти кормандони худ, ки ба истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ марбут аст, содиқ мебошад. ТҶ «Ҳамқадам» кӯшиш мекунад тавре кор кунад, ки ба беадолатӣ хотима бахшад ва камбизоатиро решакан намояд, инчунин ҷаҳонеро бунёд кунад, ки ҳуқуқ ва шаъну шарафи ҳамаро бе истисно ҳифз менамояд. Мо дарк мекунем, ки барои кори боинсофона бояд муколама барем ва боварӣ ҳосил кунем, ки ҳар касе, ки бо ТҶ «Ҳамқадам» тамос мегирад, аз ҳама гуна шаклҳои беадолатӣ, табъиз ё муносибати бераҳмона ҳифз шудааст. ТҶ «Ҳамқадам» қатъиян қасд дорад муҳити кориро дар асоси эҳтироми шаъну шарафи хоси ҳар як инсон фароҳам оварад ва нигоҳ дорад, то ҳар кас потенсиали худро ба пуррагӣ истифода барад ва барои ТҶ «Ҳамқадам» ва одамоне, ки ташкилот манфиатҳояшонро ҳимоя мекунад, натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварда шаванд.
Ҳар як шахсе, ки дар ТҶ «Ҳамқадам» кор мекунад, ҳуқуқ дорад, ки бо ӯ шоиста ва эҳтиромона муносибат кунанд ва дар шароити бехатар, дар муҳити озод аз таъқиб, озори ҷинсӣ, муносибати бераҳмона ва табъиз кор кунад. Аз ин рӯ, дар асоси Кодекси рафтори худ ТҶ «Ҳамқадам» кӯшиш мекунад ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ ва истисмори ҷинсиро пешгирӣ намояд ва ҳангоми рух додани чунин ҳолатҳо чораҳои қатъӣ меандешад. ТҶ «Ҳамқадам» ҳама гуна шакли зӯроварии ҷинсиро вайронкунии дағалонаи ҳуқуқи инсон медонад. Мо ҳеҷ гуна сӯиистифода, истисмор ё зарар расониданро ба кормандон, аъзои ҷомеа, намояндагони гурӯҳҳои мақсаднок ва ҳар касе, ки дар ҷараёни кор бо ӯ тамос дорем, таҳаммул намекунем.
Соли 2003 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бюллетени «Чораҳои махсус оид ба ҳифз аз истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ»-ро (ST/SGB/2003/13) нашр кард.
Дар доираи сиёсати таҳаммулнопазирии комил роҳбарияти ТҶ «Ҳамқадам» қарор кард, ки меъёрҳои рафтор ва муқаррароти ҳифз аз истисмор ва зӯроварии ҷинсиро, ки дар ин бюллетен муайян шудаанд, бо ислоҳоти зарурӣ тасдиқ намояд. Ин Меъёрҳо асоси Сиёсати мазкур буда, барои ҳамаи кормандон, волонтёрон, шарикон ва хизматрасонҳои ТҶ «Ҳамқадам» ҳатмӣ мебошанд.
2. Ҳадаф ва таъиноти сиёсат
Ҳадафи сиёсати мазкур таъмини мавҷудияти расмиёт барои ҳифзи кормандони ташкилот ва намояндагони гурӯҳҳои мақсадноки барномаҳое мебошад, ки мо бо онҳо кор мекунем, аз ҷумла калонсолон ва кӯдакони дар хатар қарордошта, аз зӯроварӣ ва истисмори ҷинсӣ ё дигар рафтори номуносиб ва ғайриахлоқие, ки ягон корманди ташкилоти мо содир кунад.
Таҳаммулнопазирии комил: истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ (ИЗҶ) дар ҳама шаклҳо манъ буда, ба категорияи рафтори хеле ношоям дохил мешавад. Он барои баррасии интизомӣ асос буда, метавонад ба озод кардан аз кор бо тартиби интизомӣ ё бекор кардани шартнома, инчунин ба дигар чораҳои ҷиддӣ мутобиқи муқаррароти ҳуқуқии барои категорияҳои гуногуни кормандони ТҶ «Ҳамқадам» татбиқшаванда оварда расонад.
Ӯҳдадории хабар додан ва ҳамкорӣ: ҳамаи кормандони ТҶ «Ҳамқадам» ӯҳдадоранд шикоят, шубҳа ё мулоҳизаҳои худро оид ба ИЗҶ ба мақоми ваколатдор барои тафтиши ИЗҶ тавассути ин роҳҳо ирсол намоянд: почтаи электронӣ info@hamqadam.tj, телефон +992 888 00 29 21. Ҳамаи кормандони ТҶ «Ҳамқадам» инчунин ӯҳдадоранд дар гузаронидани тафтишот пурра ҳамкорӣ кунанд.
Махфият: ҳамаи шикоятҳо оид ба ИЗҶ бо риояи махфияти ҳадди аксар баррасӣ мешаванд, то шахсияти ҷабрдидагон, шоҳидон ва ҳуқуқвайронкунандагони эҳтимолӣ ҳифз гардад.
Омӯзиш: барои ҳамаи кормандони ТҶ «Ҳамқадам» омӯзиши ҳатмӣ оид ба пешгирии ИЗҶ ва вокуниш ба чунин ҳолатҳо гузаронида мешавад.
Ҳифз: ТҶ «Ҳамқадам» ӯҳдадор аст ба ҳамаи шикоятҳо оид ба ИЗҶ бо назардошти манфиатҳои ҷабрдидагон вокуниш нишон диҳад ва дастрасии онҳоро ба хизматрасониҳо ва кӯмаки махсус ташкил намояд. Хабар додан дар бораи ИЗҶ ё ҳамкорӣ дар санҷиш, тафтиш ё баррасии бо тартиби зарурӣ ташкилшудаи шикоятҳо оид ба ИЗҶ мутобиқи сиёсати ТҶ «Ҳамқадам» оид ба ҳифзи шахсоне, ки дар бораи қонуншиканӣ хабар медиҳанд, ҳифз карда мешавад.
Ҳамкории байниидоравӣ: бо эътирофи он, ки сиёсат дар соҳаи ИЗҶ дар тамоми низоми СММ ва ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон амалӣ мешавад, ТҶ «Ҳамқадам» механизмҳои умумисистемавии СММ-ро мутобиқи расмиёти дохилии худ дастгирӣ мекунад, то ба ҳама гуна шикоятҳо ва ҳолатҳои ИЗҶ ҳамаҷониба ва дуруст вокуниш нишон диҳад.
3. Принсипҳо
Сиёсати мазкур ба шаш принсипи асосии КДА (IASC Six Core Principles, соли 2002, таҳрири соли 2019) асос ёфтааст:
Истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ, ки аз ҷониби кормандони башардӯстона содир мешаванд, рафтори хеле ношоям буда, барои аз кор озод кардан асос мебошанд.
Амалҳои ҷинсӣ бо кӯдакон (шахсони то 18-сола) новобаста аз синни балоғат ё синни розигӣ, ки дар маҳал муқаррар шудааст, манъ аст. Иштибоҳ дар бораи синни кӯдак узр шуда наметавонад.
Додани пул, кор, мол ва хизматрасонӣ ба ивази алоқаи ҷинсӣ, аз ҷумла хизматрасонии ҷинсӣ ё дигар намудҳои рафтори таҳқиромез, паскунандаи шаъну шараф ё истисморӣ манъ аст. Ин манъ истифодаи кӯмаки барои гирандагон пешбинишударо барои чунин мубодила низ дар бар мегирад.
Ҳама гуна муносибати ҷинсӣ байни онҳое, ки кӯмаки башардӯстона ва ҳифз мерасонанд, ва шахсе, ки чунин кӯмак ва ҳифзро мегирад, агар ба истифодаи нодурусти рутба ё мансаб асос ёбад, манъ аст. Чунин муносибатҳо ба эътимод ба кори башардӯстона зарба зада, беғаразии онро зери шубҳа мегузоранд.
Агар корманди башардӯстона дар бораи он ки ҳамкасбаш дар ҳамон ё дигар муассиса ба истисмор ё зӯроварии ҷинсӣ даст задааст, нигаронӣ ё шубҳа дошта бошад, бояд тавассути роҳҳои расмии иттилоотии муассисаи худ хабар диҳад.
Муассисаҳои башардӯстона ӯҳдадоранд муҳити таҳаммулнопазирӣ нисбат ба истисмор ва зӯроварии ҷинсиро фароҳам оварда, нигоҳ доранд ва ба риояи кодекси рафтори худ мусоидат намоянд. Роҳбарони ҳамаи сатҳҳо барои ташаккул ва рушди низомҳое, ки чунин муҳитро нигоҳ медоранд, масъулияти махсус доранд.
4. Доираи татбиқ
4.1. Сиёсати мазкур оид ба ҳифз аз истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ (минбаъд — «сиёсат») ҳатмӣ буда, ба ҳамаи кормандони штатӣ ва ғайриштатии ТҶ «Ҳамқадам» новобаста аз шакли шуғл, аз ҷумла ба пудратчиён, таҷрибаомӯзон, волонтёрон, меҳмонон (масалан, донорон), шахсони таҳти таъминот, ҳайати ҳамроҳикунанда, хизматрасонҳо ва шахсоне, ки вазифаҳои якдафъаина иҷро мекунанд, татбиқ мегардад. Мафҳуми «пудратчӣ» ба ҳар шахсе дахл дорад, ки Ташкилот ӯро тибқи шартномаи хизматрасонӣ, шартномаи кӯтоҳмуддат ё шартномаи мушовир ба кор ҷалб кардааст. Сиёсат ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он ва дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти корманд ҳатмист.
4.2. Ҳамаи кормандон ва намояндагони шахсони дар боло зикршуда ҳуқуқ доранд мутобиқи расмиёти дар ин сиёсат муқарраршуда шикоят пешниҳод кунанд.
4.3. Нисбат ба кормандоне, ки дар бораи онҳо шикояти ИЗҶ ворид шудааст, метавонад баррасии интизомӣ оғоз ва/ё дигар чораҳои маъмурӣ татбиқ карда шавад; нисбат ба кормандони ғайриштатӣ чораҳое, ки дар шартҳои шартномаашон пешбинӣ шудаанд, татбиқ мегарданд.
4.4. Шарикон ва хизматрасонҳо низ бояд Меъёрҳои дар ин сиёсат муайяншударо риоя кунанд. Риоя накардани ин талабот боиси фавран бекор шудани ҳама гуна созишнома байни ТҶ «Ҳамқадам» ва шарик ё хизматрасон мегардад. Ташкилот ҳуқуқ дорад ҳама гуна айбдоркуниҳои боэътимодро дар бораи рафтори ҷиноятӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ супорад.
5. Мафҳумҳо
5.1. Барои мақсадҳои Сиёсати мазкур мафҳуми «истисмори ҷинсӣ» амалҳо ё кӯшиши амалҳоеро дар назар дорад, ки ба сӯиистифода аз ҳолати вобастагии дигарон, ваколат ё эътимоди худ бо мақсадҳои ҷинсӣ равона шудаанд, аз ҷумла ба даст овардани манфиати моддӣ, иҷтимоӣ ё сиёсӣ аз истисмори ҷинсии шахси дигари кӯмакгиранда ё ҳар шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки ба Ташкилот алоқаманд нестанд.
5.2. Мафҳуми «зӯроварии ҷинсӣ» содир кардан ё таҳдиди содир кардани амали ҷисмонии хусусияти ҷинсидоштаро бо истифодаи зӯр, дар шароити нобаробар ё бо маҷбуркунӣ дар назар дорад. (Таърифи мафҳумҳои дар ин Сиёсат истифодашуда дар Замимаи «Мафҳумҳо ва мисолҳо» оварда шудааст.)
6. Манъи истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ
6.1. Истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ вайронкунии меъёрҳо ва стандартҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ буда, тибқи Муқаррарот ва қоидаҳои кормандони ТҶ «Ҳамқадам» (Сиёсати кадрӣ, Кодекси рафтор) манъ карда шудаанд.
6.2. Барои пурзӯр кардани ҳифзи гурӯҳҳои осебпазиртарини аҳолӣ, махсусан занон ва кӯдакон, Сиёсати мазкур меъёрҳои мушаххаси зеринро муқаррар мекунад, ки ӯҳдадориҳои умумии амалкунандаро тибқи Муқаррарот ва қоидаҳои кормандони ТҶ «Ҳамқадам» тасдиқ менамоянд:
a) истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ рафтори хеле ношоям буда, барои чораҳои интизомӣ, аз ҷумла озод кардан аз кор бо тартиби интизомӣ, асос мебошанд;
b) амалҳои ҷинсӣ бо кӯдакон (шахсони то 18-сола) новобаста аз синни балоғат ё синни розигии бо қонун муқарраршуда манъ аст. Тасаввури нодуруст дар бораи синни кӯдак узр шуда наметавонад;
c) алоқаи ҷинсӣ, аз ҷумла хизматрасонии ҷинсӣ ё дигар намудҳои рафтори таҳқиромез, паскунандаи шаъну шараф ё истисморӣ ба ивази пул, кор, мол ё хизматрасонӣ манъ аст. Ин манъ ба ҳама гуна истифодаи кӯмаки барои гирандагон пешбинишуда барои чунин мубодила дахл дорад;
d) муносибатҳои ҷинсӣ байни кормандони ТҶ «Ҳамқадам» ва гирандагони кӯмак манъ аст, зеро онҳо ба вазъи аён нобаробар асос ёфта, ба эътимод ба кори ТҶ «Ҳамқадам» зарба мезананд ва беғаразии ташкилотро зери шубҳа мегузоранд;
e) агар корманди ТҶ «Ҳамқадам» нигаронӣ ё шубҳа дошта бошад, ки яке аз ҳамкасбонаш дар ТҶ «Ҳамқадам» ё дар назди шарикони иҷрокунанда/хизматрасонҳо ба истисмори ҷинсӣ машғул аст ё зӯроварии ҷинсӣ содир мекунад, бояд тавассути роҳҳои муқарраршуда хабар диҳад. Хабар надодан ё пинҳон кардани далелҳои ИЗҶ низ вайронкунии ҷиддӣ буда, барои чораҳои интизомӣ то озод кардан аз кор бо тартиби интизомӣ асос мебошад;
f) кормандони ТҶ «Ҳамқадам» ӯҳдадоранд шароити кориеро фароҳам оваранд ва нигоҳ доранд, ки дар он истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ ғайриимкон бошад. Роҳбарони ҳамаи сатҳҳо барои рушди низомҳое, ки чунин муҳитро нигоҳ медоранд, масъулияти махсус доранд.
6.3. Рӯйхати меъёрҳо ва принсипҳои дар боло овардашуда пурра нест. Рафтори дигаре, ки ба истисмор ё зӯроварии ҷинсӣ алоқаманд аст, низ метавонад тибқи Муқаррарот ва қоидаҳои кормандони ТҶ «Ҳамқадам» барои чораҳои маъмурӣ ва/ё интизомӣ, аз ҷумла озод кардан аз кор бо тартиби интизомӣ, асос гардад.
6.4. Меъёре, ки дар зербанди 6.2 b пешбинӣ шудааст, ҳангоме татбиқ намегардад, ки корманд бо шахси то 18-сола, ки тибқи қонунгузории ҶТ ба синни балоғат ё синни розигӣ расидааст, дар никоҳи қонунӣ қарор дорад. Меъёре, ки дар зербанди 6.2 d пешбинӣ шудааст, бо эҳтиёт татбиқ мегардад, агар гирандагони кӯмак аз 18 сола боло бошанд ва ҳолатҳои парванда барои истисно асос диҳанд.
7. Вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои шахсони масъул ва кормандон
7.1. Илова бар вазифаҳо ва ӯҳдадориҳое, ки дар дигар қоидаҳо ва сиёсатҳо, аз ҷумла оид ба тафтишот ва баррасии интизомӣ муайян шудаанд, тибқи сиёсати мазкур кормандони ТҶ «Ҳамқадам» ӯҳдадоранд:
меъёрҳои баландтарини рафтори шахсӣ ва касбиро риоя кунанд ва ҳеҷ гоҳ дар ИЗҶ иштирок накунанд;
муҳити ҳамоҳанги кориро, ки аз ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, таҳдид, душманӣ ва ҳама гуна рафтори нораво озод аст, нигоҳ доранд;
махфиятро эҳтиром кунанд, дар бораи ҳама гуна шикоят, шубҳа ё нигаронии ба онҳо маълум оид ба ИЗҶ ба роҳбарият ё ҳамоҳангсози PSEA боинсофона хабар диҳанд ва дар тафтишот пурра ҳамкорӣ кунанд;
омӯзиш гузаранд ва бо сиёсат дар соҳаи ИЗҶ шинос шаванд;
дар бораи имкониятҳо ва роҳҳои гуногуни дохилӣ барои хабар додан дар бораи қонуншиканӣ ва/ё ҳалли чунин мушкилот огоҳ бошанд.
7.2. Директор/роҳбар масъул аст барои:
мавҷудияти иттилоот ва механизмҳои зарурӣ барои пешгирӣ ва баррасии ҳолатҳои ИЗҶ дар байни кормандони ТҶ «Ҳамқадам»;
пешниҳоди ҳамаи шикоятҳои боэътимод оид ба ИЗҶ ба мақомоти роҳбарикунанда, донорон ва шарикони Ташкилот.
7.3. Ҳамоҳангсози PSEA масъул аст барои:
қабули шикоятҳо оид ба ИЗҶ ва қабули қарор дар бораи гузаронидани тафтиш;
гузаронидани тафтиш оид ба айбдоркуниҳо дар ИЗҶ;
фавран огоҳ кардани мушовир оид ба масъалаҳои одоб дар бораи ҳамаи хабарҳо оид ба ИЗҶ.
7.4. Мутахассиси кадрҳо/маъмур (шахси масъули коргузории кадрӣ) масъул аст барои:
огоҳ кардани роҳбарияти ташкилот ва ҳамоҳангсози PSEA дар бораи ҳама гуна чораҳои интизомӣ ё маъмурие, ки оид ба ҳолатҳои ИЗҶ андешида шудаанд;
баррасии анкетаҳои номзадҳо ва санҷиши ҳамаҷонибаи тавсияномаҳои номзадҳои беруна ҳангоми ба кор қабул кардан, то ба шахсоне, ки қаблан дар истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ бо исботи ҳуҷҷатӣ гунаҳкор дониста шудаанд, дар кор рад карда шавад, инчунин таъмини имзои шакли худэъломиякунӣ аз ҷониби ҳар як номзад то бастани шартномаи меҳнатӣ ё қарордод.
7.5. Роҳбарони ҳамаи сатҳҳо масъуланд барои:
доимо огоҳ кардани кормандони амалкунанда ва нав дар бораи сиёсати таҳаммулнопазирии комили ТҶ «Ҳамқадам» нисбат ба ИЗҶ, шиносоии ҳамаҷонибаи онҳо бо сиёсати ТҶ «Ҳамқадам» оид ба ҳифз аз ИЗҶ ва паҳн кардани нусхаҳои ин ҳуҷҷат;
таъмини гузаштани омӯзиши ҳатмӣ оид ба сиёсати ҳифз аз ИЗҶ аз ҷониби кормандони тобеъ;
фавран хабар додан ба роҳбарият дар бораи ҳама гуна шикоят ё шубҳа оид ба ИЗҶ.
7.6. Ӯҳдадориҳои иловагии директор ва кормандони роҳбарикунанда:
фароҳам овардан ва нигоҳ доштани шароите, ки ба ИЗҶ монеъ мешавад;
фароҳам овардани муҳити мусоид ва ҳамоҳанги корӣ, ки аз ҳуқуқвайронкунӣ, тарсонидан, душманӣ ва ҳама гуна шаклҳои рафтори нораво озод бошад; барои ин роҳбар худ бояд бо риояи меъёрҳои баландтарини рафтор намунаи ибрат бошад;
тарғиби сиёсати мазкур дар байни кормандон ва фароҳам овардани шароит барои гузаштани курсҳо/тренингҳо ва сертификатсияҳои ҳатмӣ;
бартараф кардан, пешгирӣ ва хабар додан дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии рафтори номуносиб мутобиқи сиёсати мазкур;
фавран ва ба таври зарурӣ вокуниш нишон додан ба ҳолатҳои рафтори нораво; роҳбар бояд мавқеи равшани ҳалли одилона ва беғаразонаи масъаларо бе тарсонидан ва ҷонибдорӣ нишон диҳад ва ҳеҷ гоҳ худ тафтиш нагузаронад;
таъмини он ки ҳамаи муҳокимаҳо, интиқоли иттилоот ва амалҳо бо эҳтиёти зиёд, нозукӣ ва махфияти ҳадди аксар анҷом дода шаванд;
андешидани ҳамаи чораҳои зарурӣ барои бехатар ва ҳифз намудани кормандони ТҶ «Ҳамқадам» аз ҳама гуна таъқиб ва ҷазо;
таъин кардани шахси масъули ТҶ «Ҳамқадам» оид ба сиёсати ҳифз аз ИЗҶ дар воҳидҳо/филиалҳои маҳаллӣ;
дар ҳолатҳои зарурӣ нашр кардани иттилоот дар бораи сиёсати ҳифз аз ИЗҶ.
8. Хабар додан дар бораи рафтори нораво
8.1. ТҶ «Ҳамқадам» хабар доданро дар бораи ҳамаи ҳолатҳои мушоҳидашудаи ИЗҶ ё озор дастгирӣ мекунад. Сиёсати ТҶ «Ҳамқадам» тафтиши фаврӣ ва бодиққати чунин шикоятҳоро пешбинӣ менамояд. ТҶ «Ҳамқадам» табъиз, таҳқир, таъқиб ва фишорро нисбат ба ҳар шахсе, ки дар бораи чунин далелҳо хабар медиҳад ва дар тафтиши онҳо иштирок мекунад, манъ мекунад.
8.2. Ҳар корманде, ки оид ба ин сиёсат савол ё мулоҳиза дорад, бояд онро бо роҳбари ташкилот ё шахси ваколатдори ташкилот оид ба масъалаҳои PSEA муҳокима кунад.
8.3. ТҶ «Ҳамқадам» хабар доданро дар бораи ҳамаи ҳолатҳои мушоҳидашудаи табъиз, озор ё таъқиб, новобаста аз он ки озордиҳанда кист ва чӣ мансаб дорад, дастгирӣ мекунад. Шахсоне, ки худро қурбонии чунин рафтор медонанд, бояд масъалаҳои ташвишоварро бо роҳбари бевоситаи худ, бо ҳар як роҳбари ташкилот ё бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муҳокима кунанд.
8.4. Илова бар ин, ТҶ «Ҳамқадам» ба шахсоне, ки худро зери чунин муносибат медонанд, тавсия медиҳад, ки фавран ба озордиҳанда бигӯянд, ки рафтори ӯ таҳқиромез аст, ва хоҳиш кунанд, ки онро қатъ кунад.
8.5. Бо вуҷуди ин, ТҶ «Ҳамқадам» эътироф мекунад, ки шахс метавонад ҳалли масъаларо тавассути расмиёти пешниҳоди шикоят авлотар донад.
8.6. Интиқомгирӣ аз шахс барои он ки дар бораи озори ҷинсӣ, зӯроварӣ, таъқиб ё табъиз хабар додааст ё дар тафтиши чунин шикоят иштирок кардааст, вайронкунии ҷиддии сиёсати мазкур ба ҳисоб меравад. Мисли худи озор, таъқиб ва табъиз, интиқомгирӣ барои хабар додан дар бораи онҳо метавонад барои чораҳои интизомӣ асос гардад. Дар бораи амалҳои интиқомӣ бояд фавран хабар дод; онҳо зуд тафтиш карда мешаванд ва нисбат ба онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
8.7. Тартиби пешниҳоди шикоят:
8.7.1. Аризаҳо/шикоятҳо оид ба озори ҷинсӣ мӯҳлати даъво надоранд. Аммо қатъиян тавсия дода мешавад, ки дар бораи чунин ҳолатҳо ҳар чӣ зудтар хабар дода шавад. ТҶ «Ҳамқадам» хабари фавриро дар бораи шикоятҳо ва масъалаҳои ташвишовар истиқбол мекунад, зеро ин имкон медиҳад, ки пеш аз он ки муносибатҳо ба таври бебозгашт вайрон шаванд, амалҳои зуд ва созанда анҷом дода шаванд. Аз ин рӯ, гарчанде мӯҳлати муайяни хабардиҳӣ муқаррар нашудааст, хабари фаврӣ дар бораи ҳодисаҳо ва дахолат усули самараноктарини ҳалли ҳодисаҳои воқеӣ ё эҳтимолии ИЗҶ мебошад.
8.7.2. Шахсоне, ки худро қурбонӣ ё шоҳиди рафтори бо ин Сиёсат манъшуда медонанд, бояд масъалаи ташвишоварро бо роҳбари бевоситаи худ ё бо корманди ташкилот, ки тибқи ин Сиёсат ва фармони роҳбарият барои назорати риояи меъёрҳои он ваколатдор аст, муҳокима кунанд.
8.7.3. Ҳама гуна айбдоркуниҳои пешниҳодшуда дар озори ҷинсӣ, табъиз ё таъқиб фавран тафтиш карда мешаванд. Тафтиш метавонад суҳбатҳои инфиродӣ бо ҷонибҳои ҷалбшуда ва дар ҳолати зарурӣ бо шахсоне, ки шоҳиди рафтори мавриди айбдоркунӣ будаанд ё дигар иттилооти марбут доранд, дар бар гирад.
8.7.4. Дар вақти тафтиш махфият то андозае, ки барои мақсадҳои тафтиш ва чораҳои ислоҳии минбаъда қобили қабул аст, риоя карда мешавад.
8.7.5. Шикоятҳои бардурӯғ ва бадқасдона оид ба ИЗҶ, табъиз ва озор (баръакси шикоятҳои боинсофона, ҳатто агар моҳиятан хато бошанд) метавонанд барои чораҳои интизомӣ нисбат ба аризадиҳанда асос гарданд.
8.7.6. Кормандони ТҶ «Ҳамқадам» ва дигар ташкилотҳо барои хабар додан дар бораи рафтори нораво бо истифода аз роҳҳои расмӣ ва ғайрирасмии ҳалли низоъ якчанд имконият доранд (нигаред ба Замимаи 1 «Тамос барои муроҷиат дар ҳолатҳои ИЗҶ»).
8.8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аризадиҳанда:
a) тибқи ин сиёсат хабари беном иҷозат дода мешавад. Аммо аризадиҳандагон бояд дарк кунанд, ки сарфи назар аз ҳамаи кӯшишҳо, хабари беном метавонад тафтишро душвор ё тӯлонӣ гардонад;
b) айбдоркунӣ (шикоят) бояд возеҳ ва боинсофона навишта шавад: шахсе, ки дар бораи далели ИЗҶ хабар медиҳад, бояд асоси кофӣ дошта бошад ва боварӣ дошта бошад, ки аз ҷониби шахси дигар рафтори ғайриқонунӣ ва ношоям рух додааст;
c) қасдан пешниҳод кардани изҳороти бардурӯғ ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ рафтори ғайриқонунӣ ҳисобида шуда, боиси чораҳои интизомӣ мегардад.
8.9. Огоҳ кардани бенефитсиарон ва ҷомеаҳо дар бораи механизми хабардиҳӣ. ТҶ «Ҳамқадам» бенефитсиарони барномаҳои худ ва намояндагони ҷомеаҳои маҳаллиро дар бораи механизми пешниҳоди шикоят оид ба ИЗҶ фаъолона огоҳ месозад, аз ҷумла бо роҳи:
шарҳ додани шакли розигии огоҳона ба бенефитсиарон ҳангоми оғози иштироки онҳо дар барномаҳо/лоиҳаҳои Ташкилот;
ҷойгир кардани маълумоти тамос (Замимаи 1) дар маҳалҳои татбиқи лоиҳаҳо ва дар маводи иттилоотии Ташкилот дар шакли дастрас ва фаҳмо, аз ҷумла дар ҳолати зарурӣ бо мутобиқсозӣ барои шахсони дорои маъюбӣ ва ба забонҳои гурӯҳҳои мақсаднок;
мунтазам гузаронидани вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ бо бенефитсиарон ва намояндагони ҷомеаҳо дар бораи ногузир будани ИЗҶ ва тартиби пешниҳоди шикоят.
9. Омӯзиш оид ба PSEA
9.1. ТҶ «Ҳамқадам» барои ҳамаи кормандони штатӣ ва ғайриштатӣ, волонтёрон, мушовирон ва шарикон дар давоми 30 рӯзи аввали оғози кор/ҳамкорӣ бо Ташкилот, инчунин мунтазам — на камтар аз як маротиба дар як сол омӯзиши ҳатмӣ оид ба пешгирии ИЗҶ ва вокуниш ба чунин ҳолатҳоро таъмин менамояд.
Маводи омӯзишӣ ҳатман инҳоро дар бар мегирад:
таърифи истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ;
принсипи таҳаммулнопазирии комил нисбат ба ИЗҶ ва оқибатҳои он;
ӯҳдадории ҳар як корманд дар бораи шубҳа ё далелҳои ИЗҶ хабар додан;
роҳҳои дастраси хабардиҳӣ (дохилӣ ва берунӣ, аз ҷумла тамосҳои Замимаи 1);
ӯҳдадории кӯмак ба ҷабрдидагон ва принсипҳои равиши ба ҷабрдида нигаронидашуда.
Масъулияти ташкили омӯзиш ба зиммаи роҳбарони ҳамаи сатҳҳо якҷоя бо ҳамоҳангсози PSEA аст. Гузаштани омӯзиш бо варақаи имзошудаи шиносоӣ ё сертификат сабт шуда, дар парвандаи шахсии корманд нигоҳ дошта мешавад.
10. Раванди ҳалли баҳсҳо
10.1. Қатъиян тавсия дода мешавад, ки ҳамаи ҷонибҳои низоъ сабтҳои муфассал (аз ҷумла нусхаи чопии паёмҳои почтаи электронӣ)-ро дар бораи ҳамаи далелҳои ИЗҶ, аз ҷумла сана, ҷой, шоҳидон ва далелҳо, нигоҳ доранд.
10.2. Ҷонибҳои низоъ бояд донанд, ки на ҳамаи равандҳои ғайрирасмӣ бомуваффақият анҷом меёбанд ва дар оянда тафтишот имконпазир аст, аз ин рӯ сабтҳои хаттӣ метавонанд хеле муфид бошанд.
10.3. Агар дар вақти тафтиши вайронкунии меъёрҳои ин Сиёсат ҳуқуқвайронкунандаи эҳтимолӣ бо анҷоми мӯҳлати шартнома аз ташкилот равад, роҳбарияти ТҶ «Ҳамқадам» бо салоҳдиди худ ва вобаста ба вазнинии рафтор дар бораи идома додани тафтиш сарфи назар аз рафтани ӯ қарор қабул мекунад. Аммо дар ҳолатҳое, ки пешакӣ ҳамчун озори ҷинсӣ тасниф шудаанд, тафтиш дар ҳама ҳолат бояд гузаронида шавад.
10.4. Агар тафтиш анҷом ёбад ва далелҳо асоснок бошанд, роҳбар ҳуқуқвайронкунандаи эҳтимолиро огоҳ мекунад ва пас аз додани имконияти шарҳ додани ҳодиса ҳуҷҷатро ба парвандаи шахсии ӯ замима менамояд. Ҳуҷҷат инчунин ҳамаи чораҳои тавсияшавандаи ҷазоро дар бар мегирад, агар ҳуқуқвайронкунандаи эҳтимолӣ ҳанӯз дар ҳайати кормандони ташкилот бошад. Парвандаҳои анҷомнаёфта бо дархост ба шахсони сеюм дода намешаванд.
10.5. Дар ҳолатҳои зарурати шадид ва таҳдидҳои эҳтимолӣ бояд ба мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кард, инчунин амалҳои худро бо роҳбарияти ТҶ «Ҳамқадам» мувофиқа намуда, онро огоҳ сохт.
11. Мӯҳлатҳои тафтиш оид ба далелҳои ИЗҶ
Тафтиш оид ба далелҳои ИЗҶ дар мӯҳлатҳои зерин гузаронида мешавад:
тасдиқи гирифтани шикоят ба аризадиҳанда — на дертар аз 3 (се) рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани он;
қабули қарор дар бораи оғози тафтиши расмӣ — на дертар аз 7 (ҳафт) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани шикоят;
анҷом додани тафтиш ва омода кардани хулоса — одатан на дертар аз 45 (чилу панҷ) рӯзи тақвимӣ аз оғози тафтиш, ба истиснои ҳолатҳои мураккаби махсус, ки мӯҳлат бо қарори роҳбарияти Ташкилот бо огоҳ кардани ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар бораи сабабҳои таъхир дароз карда мешавад.
11.1. Барои гузаронидани тафтишот ҳамоҳангсози PSEA дар ҳолати зарурӣ мутахассисони мустақилро ҷалб мекунад ё барои таъмини сатҳи зарурии касбии тафтиш ба донорон ва шарикони Ташкилот муроҷиат менамояд, агар захираҳои дохилии Ташкилот кофӣ набошанд.
11.2. Агар тафтиш далели ИЗҶ-ро тасдиқ кунад, роҳбарияти ТҶ «Ҳамқадам» дар давоми 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ аз анҷоми тафтиш нақшаи чораҳоро оид ба бартараф кардани камбудиҳои системавии ошкоршуда (холигиҳо дар расмиёти қабул ба кор, омӯзиш, назорат ва ғ.), ки ба рух додани ҳодиса шароит фароҳам оварданд, таҳия мекунад. Нақша чорабиниҳои мушаххас, иҷрокунандагони масъул ва мӯҳлатҳоро дар бар гирифта, дар доираи ҳисоботдиҳии пешбининамудаи механизмҳои хабардиҳӣ (Замимаи 2) ба мақомоти роҳбарикунанда, донорон ва шарикони Ташкилот расонида мешавад.
12. Супоридани парвандаҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
12.1. Ташкилот ҳуқуқ дорад ҳама гуна айбдоркуниҳои боэътимодро дар бораи рафтори ҷиноятӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорад ва ба онҳо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ оид ба далелҳои ИЗҶ пурра мусоидат намояд.
13. Созишномаҳои ҳамкорӣ ва шартномаҳо бо шахсоне, ки ба ТҶ «Ҳамқадам» алоқаманд нестанд
13.1. Ҳангоми бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо шарикон ё хизматрасонҳо шахсони мансабдори масъули ТҶ «Ҳамқадам» ин шахсони ҳуқуқӣ ё воқеиро дар бораи меъёрҳои рафтори дар фасли 6 овардашуда огоҳ мекунанд.
13.2. Агар ин шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ барои пешгирии истисмор ё зӯроварии ҷинсӣ чора наандешанд, хабарҳоро дар ин бора тафтиш накунанд ё дар ҳолатҳои рух додани истисмор ё зӯроварии ҷинсӣ вазъро ислоҳ накунанд, ин барои бекор кардани ҳама гуна созишномаи ҳамкорӣ ё шартнома бо ТҶ «Ҳамқадам» асос мебошад.
13.3. Ҳамаи созишномаҳои ҳамкорӣ, шартномаҳои пудратӣ ва қарордодҳо бо шарикон, зерпудратчиён ва хизматрасонҳо бояд шарти алоҳидаро оид ба ҳифз аз истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ бо мазмуни зерин дар бар гиранд:
«Тарафҳо ӯҳдадор мешаванд принсипи таҳаммулнопазирии комилро нисбат ба истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ (ИЗҶ), тавре ки дар Сиёсати ТҶ «Ҳамқадам» оид ба ҳифз аз истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ муайян шудаанд, риоя кунанд. Тарафи иҷрокунанда ӯҳдадор мешавад: (a) ТҶ «Ҳамқадам»-ро дар бораи ҳама гуна ариза, шубҳа ё шикояти гирифтааш оид ба ИЗҶ, ки ба иҷрои шартномаи мазкур алоқаманд аст, фавран огоҳ кунад; (b) барои пешгирии ИЗҶ дар байни кормандони худ чораҳои зарурӣ андешад; (c) далелҳои ИЗҶ-ро тафтиш кунад ва дар сурати тасдиқи вайронкунӣ чораҳои ислоҳии дахлдор андешад. Иҷро накардани ин ӯҳдадориҳо барои фавран бекор кардани шартномаи мазкур асос мебошад».
13.4. Шахси мансабдори масъули ТҶ «Ҳамқадам», ки шартномаро мебандад, ӯҳдадор аст боварӣ ҳосил кунад, ки ин шарт то имзо дар матни созишнома дохил карда шудааст.
Замимаи 1. Тамос барои муроҷиат дар ҳолатҳои ИЗҶ
№ | Муассиса | Тамос |
|---|---|---|
1 | Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон | 734025, ш. Душанбе, кӯчаи Ҷ. Икромӣ, 7 Телефон: 221-73-53, факс: 221-79-69 Почтаи электронӣ: info@ombudsman.tj |
2 | Ҳамоҳангсози PSEA-и ТҶ «Ҳамқадам» | Раҳимова Муҳайё Почтаи электронӣ: rahimovam@hamqadam.tj |
3 | Раиси ташкилоти ТҶ «Ҳамқадам» | Алиев Муҳаммадраҷаб Почтаи электронӣ: alievm@hamqadam.tj |
4 | Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) | dushanbe@unicef.org Тел.: +992 44 600 01 90 |
5 | Вазорати корҳои дохилӣ | 221-21-21, 1919 |
6 | Ёрии тиббӣ | Маркази миллии тиббӣ — кӯчаи И. Сомонӣ, 59, тел. 902-22-04-02 |
7 | Ёрии равонӣ ва ҳуқуқӣ ба занони аз зӯроварӣ ҷабрдида | Кумитаи кор бо занон ва оила — кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3, тел. +992 37 221-40-30 (рақами кӯҳнаи 1313 дигар кор намекунад) «Корвони умед» — кӯчаи Носири Хисрав, 11, тел. +992 900-001-222, +992 905-053-856 «Фемида» — кӯчаи Бофанда, 5/1, тел. +992 900-900-304 «Мурофиа» (ёрии ҳуқуқӣ) — кӯчаи Нусратулло Махсум, 75/1 (таҳхона), тел. +992 917-993-897 |
8 | Ҳуҷраҳои тавонбахшии иҷтимоию тиббии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила | Таваллудхонаи № 2, кӯчаи Ҳусейнзода, 8 Телефонҳо: 918-71-22-21, 223-02-84 |
Замимаи 2. Механизмҳои хабардиҳӣ дар бораи истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ
ТҶ «Ҳамқадам» хабардиҳии саривақтӣ, боэътимод ва махфиро дар бораи ҳолатҳои ИЗҶ қисми ҷудонашавандаи ӯҳдадориҳои худ дар назди донорон ва шарикон медонад. Мутобиқи созишномаҳои шарикӣ ва маблағгузорӣ Ташкилот ӯҳдадор мешавад донорон ва шариконро дар бораи ҳамаи айбдоркуниҳо дар истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ фавран огоҳ кунад ва дар баробари ин бехатарӣ ва махфияти ҳамаи шахсони ҷалбшударо таъмин намояд, инчунин мунтазам дар бораи ҷараён ва натиҷаҳои тафтиш ва кӯмаки расонидашуда ба ҷабрдидагон маълумоти навро пешниҳод намояд. Ҳар корманд, волонтёр, шарик, бенефитсиар ё шахси дигар метавонад дар бораи ҳолати ИЗҶ бо яке аз роҳҳои зерин хабар диҳад:
Мавзӯи айбдоркунӣ | Ба кӣ хабар додан | Чӣ тавр хабар додан |
|---|---|---|
Таъқиб, озори ҷинсӣ ва сӯиистифода аз ваколат | Ҳамоҳангсози PSEA: Раҳимова Муҳайё, rahimovam@hamqadam.tj Раиси ташкилот: Алиев Муҳаммадраҷаб, alievm@hamqadam.tj | Шарикон метавонанд дар бораи нигаронӣ ё шубҳаҳои худ ба донорон ва шарикони дахлдори Ташкилот хабар диҳанд. Шахсан дар идораи ТҶ «Ҳамқадам»; бо почта ба info@hamqadam.tj бо қайди «Махфӣ» ба номи Раиси ташкилот. |
Истисмор ва зӯроварии ҷинсӣ (ИЗҶ) | Ҳамоҳангсози PSEA: Раҳимова Муҳайё, rahimovam@hamqadam.tj Раиси ташкилот: Алиев Муҳаммадраҷаб, alievm@hamqadam.tj | Шарикон метавонанд дар бораи нигаронӣ ё шубҳаҳои худ ба донорон ва шарикони дахлдори Ташкилот бо почта хабар диҳанд. Илова бар ин, шарикон бояд донорон ва шарикони дахлдорро дар бораи ҳолатҳои бақайдгирифташуда, хулосаҳо, ҷараён ва натиҷаҳои тафтиш ва равон кардани ҷабрдидагон барои кӯмак мунтазам огоҳ кунанд. Шахсан дар идораи ТҶ «Ҳамқадам»; бо почта ба info@hamqadam.tj бо қайди «Махфӣ» ба номи Раиси ташкилот. |
Замимаи 3. Мафҳумҳо ва мисолҳо
Зӯроварии ҷинсӣ дар соҳаи меҳнат яке аз шаклҳои табъиз аз рӯи ҷинс аст, ки метавонад унсурҳои зӯроварии ҷисмонӣ ва равониро, инчунин чунин шаклҳои рафторро, ба монанди суханони бадхоҳона ё часпидан, «шӯхӣ», ламсҳои кӯтоҳмуддат ва ҳамлаи ҷинсӣ дар бар гирад. Мисли зӯроварии гендерӣ дар маҷмӯъ, мардон ва писарон низ метавонанд қурбонии зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ гарданд.
Озори ҷинсӣ шакли зӯроварии ҷинсӣ мебошад, ки одатан дар соҳаи меҳнат рух медиҳад ва аксар вақт шакли «хизмат ба ивази хизмат» ё «муҳити душманонаи корӣ»-ро мегирад. Озори ҷинсӣ дар шакли «хизмат ба ивази хизмат» ҳангоме рух медиҳад, ки аз корманд қонеъ гардонидани хоҳиши ҷинсиро талаб мекунанд ва қарор дар бораи кори минбаъдаи ӯ аз розигӣ ё радди ӯ вобаста аст.
Озори ҷинсӣ ҳама гуна рафтори номатлуби хусусияти ҷинсидоштаро дар назар дорад, ки метавонад асоснок таҳқиромез ё паскунанда ҳисобида шавад ё чунин қабул гардад. Он метавонад ҳама гуна рафтори шифоҳӣ, ғайришифоҳӣ ё ҷисмонӣ, аз ҷумла паёмҳои хаттӣ ва электрониро дар бар гирад ва байни шахсони як ҷинс ё ҷинсҳои гуногун рух диҳад.
Озор дар муҳити душманонаи корӣ рафтореро дар назар дорад, ки муҳити кории таҳдидкунанда, душманона ё паскунанда фароҳам меоварад.
Яке аз шаклҳои паҳншудаи зӯроварӣ ва озор аз рӯи ҷинс — «озор нисбат ба модарон», яъне фишор овардан ба зан аз сабаби ҳомиладорӣ, таваллуд ё ҳолати саломатии ба онҳо алоқаманд ё фишор овардан ба корманд аз сабаби ӯҳдадориҳои оилавиаш мебошад. Озори ҷинсӣ инчунин метавонад шакли муносибати душманона нисбат ба занон аз сабаби ҷинсашон, масалан «шӯхиҳо»-и таҳқиромез ё паскунанда дар бораи занонро гирад.
Зӯроварии хонаводагӣ соҳаи босуръат рушдкунандаи танзим дар соҳаи меҳнат мебошад. Мафҳумҳои «оила» ё «муносибатҳои оилавӣ» одатан танҳо робитаҳои анъанавии оилавӣ — хешовандии хунӣ, никоҳ ва шарикони наздикро фаро мегиранд. Аммо бештар кишварҳо қонунгузориро ба кормандони хонагӣ ва дигар шахсоне, ки дар хонавода зиндагӣ мекунанд, паҳн мекунанд, зеро онҳо ба зӯроварӣ ва озор дар «соҳаи маишӣ» осебпазиранд. Зӯроварии хонаводагӣ метавонад ба соҳаи меҳнат низ гузарад, вақте ки ҳадафаш монеъ шудан ба ба кор даромадан ё дар кор мондани шахс аст (зӯроварии иқтисодӣ).
Зӯроварии ҷисмонӣ — истифодаи қувваи ҷисмонӣ нисбат ба шахси дигар ё гурӯҳи шахсон, ки ба зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ ё равонӣ оварда мерасонад, ё ҳама гуна кӯшиши расонидани осеби ҷисмонӣ ё ҳамла ба шахс, аз ҷумла зарари воқеии ҷисмонӣ.
Зӯроварӣ ва озори равонӣ шакли маъмултарини зӯроварӣ ва озор дар соҳаи меҳнат буда, инҳоро дар бар мегирад:
таҳқири шифоҳӣ ва дигар;
озори равонӣ ва ҷинсӣ;
фишор, таъқиб ва таҳдид.
Ба ин ҳамла ба обрӯи шахс, ҷудо кардани ӯ, пинҳон кардани иттилоот, супоридани вазифаҳое, ки ба имкониятҳои ӯ мувофиқ нестанд, ё гузоштани ҳадафу мӯҳлатҳои иҷронашаванда дохил мешаванд.
Калимаи «равонӣ» таъсири зараровареро дар назар дорад, ки чунин рафтор ба рӯҳу равони ҷабрдида мерасонад. Ҳамин маъно дар мафҳуми «таъқиби маънавӣ» ё «буллинг» низ ҳаст — амалҳои такрорие, ки ҳадаф ё натиҷаашон бад шудани шароити кории корманд буда, ҳуқуқи ӯро ба шаъну шараф, саломатии ҷисмонӣ ё равонӣ ё дурнамои касбиаш вайрон мекунад. Зӯроварӣ ва озори равонӣ метавонанд ба таври васеъ — барои ҳифзи ҳамаи кормандон — ё «дар асоси табъиз» муайян шаванд, вақте ки қонун танҳо шахсеро ҳифз мекунад, ки аз сабаби фарқияти воқеӣ ё тахминӣ — нажод, ранги пӯст, ҷинс, дин, ақидаҳои сиёсӣ, пайдоиши миллӣ ё иҷтимоӣ, синну сол, маъюбӣ, тамоюли ҷинсӣ ё гендер таҳқир карда мешавад.
Доираи амали Сиёсати мазкур бо мафҳумҳое, ба монанди «ҷойи кор» ё «дар вақти кор ё дар робита бо кор» муайян карда мешавад. Аммо ҷойи кор на танҳо макони ҷисмонии кор аст: он аксар вақт ҷойҳои истироҳати кормандон, чорабиниҳои пас аз кор ва роҳи ба кор рафтан ва аз кор омаданро низ дар бар мегирад.
Истисмори ҷинсӣ — ҳама гуна сӯиистифода ё кӯшиши сӯиистифода аз ҳолати осебпазир, қудрат ё эътимод бо мақсадҳои ҷинсӣ, аз ҷумла ба даст овардани манфиати пулӣ, иҷтимоӣ ё сиёсӣ аз истисмори ҷинсии шахси дигар.
Зӯроварии ҷинсӣ — амали ҷисмонии хусусияти ҷинсидошта ё таҳдиди чунин амал бо истифодаи зӯр, дар шароити нобаробар ё бо маҷбуркунӣ.
Таъқиб — ҳама гуна рафтори номуносиб ва номатлуби як корманд нисбат ба корманди дигар, ки ба таҳқир ё паст задани шаъну шарафи ӯ оварда расонидааст ё метавонад асоснок чунин қабул карда шавад. Он метавонад дар шакли суханон, имову ишора ва амалҳое ифода ёбад, ки ташвиш, изтироб, ранҷиш, таҳқир, хиҷолат ва шантаж ба вуҷуд оварда, муҳити душманонаи кориро ба миён меоранд. Таъқиб ҳатман қасдан нест: муҳим он аст, ки шахс онро таҳқиромез ё паскунандаи шаъну шараф қабул мекунад.
Мисолҳои таҳқир ва ҳамлаҳои шифоҳӣ
Таҳқири шифоҳӣ ва лақабҳои ранҷонанда;
Лақабҳои навозишкоронаи номатлуб («лӯхтак», «кӯдакам» ва ғ.);
Баланд кардани овоз ва рафтори хашмгинона;
Шахсро ҳамеша мавзӯи масхара гардонидан;
Лақабҳои нафратовар ё таҳқиромез;
Ишораҳо, шарҳҳо ё шӯхиҳои таҳқиромез ё паскунанда дар бораи ҳувияти гендерӣ ё тамоюли ҷинсии шахс;
Шарҳҳои номатлуб ва/ё паскунанда дар бораи намуди зоҳирӣ, либос ва дигар хусусиятҳои ҷисмонӣ;
Тӯҳмат ё паст задани обрӯи шахс бо ғайбат, овозаҳо ва масхара;
Эродҳои пайваста, беасос ё мағрурона дар ҳузури дигарон ё «пушти сар»;
Саволҳои беасос, часпанда ё доимӣ дар бораи пайдоиши этникӣ ё нажодӣ, фарҳанг ё дини шахс;
Эродҳо, паёмҳо ё зангҳои такрорӣ ва номатлуб;
Эродҳо, паёмҳо ё зангҳои таҳқиромез, таҳдидкунанда, паскунанда ё тарсонанда;
Ёддоштҳои таҳқиромез, паскунанда ё таҳдидкунанда, ки дар ҷойҳои корӣ гузошта мешаванд;
Фишор овардан ба шахс барои иштирок дар муҳокимаҳои хусусияти сиёсӣ ё динӣ дошта;
Эродҳои дупаҳлӯ дар бораи либос, андом, мӯйсар, намуди зоҳирӣ ё дигар хусусиятҳои шахсӣ.
Мисолҳои озори ғайришифоҳӣ
Ҷудо кардани иҷтимоӣ, канор гузоштан ё рад кардани ҳамкорӣ дар кор;
Душманӣ дар шакли ҳамлаҳои доимии ғайридӯстона ё ҷудо кардан;
Имову ишораҳои такрории таҳқиромез;
Тасвирҳо ва маводи қабеҳ ё таҳқиромез (плакатҳо, суратҳо, карикатураҳо, граффити, ашё ё паёмҳо дар лавҳаҳои эълон, мизҳо ва ҷойҳои умумӣ);
Тӯҳфаҳо ё даъватҳои часпанда ва номатлуб;
Нигоҳҳои часпанда ё ифодаи хашмгинонаи чеҳра;
Заставкаҳои номуносиб дар экрани компютер, ки шаъну шарафи дигаронро таҳқир мекунанд;
Паҳн кардани овозаҳои бадномкунанда;
Истифодаи почтаи электронӣ, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои фиристодани тасвирҳои таҳқиромез, таҳдидкунанда ё номуносиби корманд ба дигар кормандон;
Доимо нодида гирифтан, хориҷ кардан ё ҷудо кардани касе.
Мисолҳои озори ҷисмонӣ
Ламс кардан, задан бо даст, оғӯш кардан ё дигар тамоси ҷисмонии номатлуб ё номуносиб (масалан, массаж ё қасдан ламс кардани узвҳои бадан);
Задан, тела додан, шапалоқ задан, лагад задан ё газидан;
Пешпо задан;
Партофтани ашё ба тарафи дигарон ё ҳамла бо ашёи дар даст буда.
Мисолҳои озори ҷинсӣ
Хоҳишҳои такрорӣ ё дигар шаклҳои фишор бо маънои пинҳонии ҷинсӣ ё шахсии ғайрикасбӣ (масалан, даъватҳои часпанда ба мулоқот);
Саволҳои номатлуб, часпанда ё пайваста дар бораи вазъи оилавӣ, афзалиятҳои ҷинсӣ, тамоюл ё пайдоиш;
Паёмҳои қабеҳ тавассути почтаи электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, автоҷавобдиҳанда ё почтаи овозӣ;
Таҳдиди ошкоро ё пинҳонии хусусияти ҷинсидошта ҳамчун шарти миннатдорӣ, пешравӣ дар хизмат ё баҳои мусбати кор;
Эродҳо ва тахминҳо дар бораи муносибатҳои ҷинсии шахс ё нақл кардан дар бораи муносибатҳои ҷинсии худ;
Маводи хусусияти ҷинсидошта (аз ҷумла порнография) — плакатҳо, суратҳо, карикатураҳо, граффити ё паёмҳо дар лавҳаҳои эълон, мизҳо ё ҷойҳои истифодаи умумӣ;
Рафтори пинҳонӣ бо маънои ҷинсӣ бо мақсади зарар расонидан ё таҳқир кардани шахси дигар;
Ишораҳо, шарҳҳо ё шӯхиҳои таҳқиромез ё паскунанда дар бораи ҳувияти гендерӣ ё тамоюли ҷинсӣ;
Ламс кардан, задан бо даст, оғӯш кардан ё дигар тамоси ҷисмонии номатлуб ё номуносиб.
Мисолҳои сӯиистифода аз ваколат
Тақсимоти ноодилона ва беасоси ӯҳдадориҳо ё хоҳишҳои шахсие, ки ба кор ва ӯҳдадориҳои хизматӣ алоқаманд нестанд;
Назорат ё пайгирии аз ҳад зиёди кори шахси дигар;
Истифодаи мансаб ё нуфузи шахсӣ барои фишор овардан ба корманд ё монеъ шудан ба пешниҳоди шикоят ё изҳори нигаронӣ дар бораи вайронкунии эҳтимолии меъёрҳои рафтор ё ӯҳдадориҳои ахлоқӣ;
Доимо пахш кардан ё ҷудо кардани шахси муайян, муносибати ғайрикасбӣ, таҳқиромез ва паскунанда;
Ҳамлаҳои доимӣ ба шахс ва/ё гурӯҳи одамон, онҳоро ҳадафи масхараи таҳқиромез ё эродҳои беасоси шахсӣ гардонидан;
Доимо масхара ва таҳқир кардани шахс ё гурӯҳ, махсусан дар ҳузури дигарон;
Амалҳо ё шӯхиҳои маҷбурӣ, таҳқиромез ё паскунанда, ки ба дигарон нороҳатӣ меоранд;
Татбиқи ҷазоҳо ё дигар шаклҳои ҷазо бе асос;
Дахолат ба рушди касбии корманд, қасдан монеъ шудан ба пешравии ӯ дар хизмат;
Вокуниши беасос сахт ба мушкилоти ночиз;
Ифшо ё таҳдиди ифшои иттилооти махфӣ дар бораи корҳои шахсӣ ё касбии шахс;
Тақсимоти беасоси ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои кормандон;
Назорати аз ҳад зиёд бар корманд бо нияти қасдан монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳо;
Истифодаи мансаб барои тақсимоти беасос ва ноодилонаи кор бо мақсади пахш кардани шахс ва вайрон кардани обрӯи касбии ӯ;
Қасдан пинҳон кардани иттилоот ё доимо бо вазифаҳои бемаъно ё аз ҳад мураккаб бор кардан;
Услуби ноустувори идоракунӣ, ки дар он роҳбар ба баъзе кормандон нисбат ба дигарон ноодилона бартарӣ медиҳад (ҷонибдорӣ);
Доимо ба кори корманд айб ҷустан ҳамчун баҳона барои таҳқир ва бадном кардани ӯ ба ҷои дастгирии рушди ӯ;
Бор кардани масъулият ба корманд барои ҳама гуна камбудиҳое, ки ӯ аслан барояшон масъул набуд;
Интиқоди доимии манфии сифатҳои касбӣ ё шахсии корманд бе сабабҳои узрнок ё асоси қонунӣ;
Тақсимоти беасоси вазифаҳо (баъзан иҷронашаванда) бо мӯҳлатҳои ғайривоқеӣ;
Намоиши бартарии зеҳнӣ ва ҳукмронӣ дар шакли хашмгинона, таҳқиромез ё паскунанда.
Мисолҳои табъиз
Барои пешравии касбӣ ё баланд бардоштани вазифа баррасӣ ё тавсия накардани корманд аз сабаби фарқиятҳо аз рӯи нажод, ҷинс, ҳувияти гендерӣ, дин, миллат, пайдоиши этникӣ, тамоюли ҷинсӣ, маъюбӣ, ҳомиладорӣ, синну сол, забон, пайдоиши иҷтимоӣ ё мақоми дигар, инчунин муносибати нобаробар бо кормандон дар масъалаҳои омӯзиш, рухсатӣ, ҷадвали кор, иштирок дар вохӯриҳо ва ғ.;
Лақабҳои паскунанда ё таҳқиромез аз рӯи нажод, ҷинс, ҳувияти гендерӣ, дин, миллат, пайдоиши этникӣ, тамоюли ҷинсӣ, маъюбӣ, ҳомиладорӣ, синну сол, забон, пайдоиши иҷтимоӣ ё мақоми дигар;
Шарҳҳои таҳқиромез дар бораи хусусиятҳои ҷисмонӣ ё либоси шахс, аз ҷумла интиқод ва эродҳо дар бораи ашёи динӣ, ки ӯ бо худ дорад;
Масхара кардани шаклҳои ҳувияти фарҳангӣ ё динӣ (идҳо) ё эродҳои бемаъно дар бораи эътиқоди динии шахсони алоҳида;
Табъизи иҷтимоӣ аз рӯи нажод, ҷинс, ҳувияти гендерӣ, дин, миллат, пайдоиши этникӣ, тамоюли ҷинсӣ, маъюбӣ, ҳомиладорӣ, синну сол, забон, пайдоиши иҷтимоӣ ё мақоми дигар;
Шӯхиҳо, шарҳҳо ва саволҳои номуносиб дар бораи қобилиятҳои шахс;
Пурсишҳои беасос, часпанда ё пайваста дар бораи мансубияти этникӣ ё нажодӣ, фарҳанг ё дини шахс.
Шаклҳои замимаи Сиёсат — розигии огоҳонаи корманд ва шарик, ҳисобот дар бораи ҳодиса, шакли равонкунӣ ва худэъломиякунии номзад — дар коғаз пур карда мешаванд; онҳоро дар идораи ТҶ «Ҳамқадам» ё тавассути info@hamqadam.tj гирифтан мумкин аст.