Ҳамқадам
ХабарҳоЧорабиниҳоHamqadam AcademyШабакаТамос
ВоридшавӣБақайдгирӣ

Ташкилот

  • Дар бораи ташкилот
  • Ҳадафҳо ва самтҳо
  • Сохтори ташкилот
  • Даста
  • Хабарҳо
  • Эълонҳо

Фаъолият

  • Чорабиниҳо
  • Лоиҳаҳо
  • Hamqadam Academy
  • Озмуну квизҳо
  • Шабака
  • Ҳикояҳои муваффақият

Шаффофият

  • Донорҳо ва шарикон
  • Ҳуҷҷатҳои ташкилот
  • Ҳисоботҳои оммавӣ
  • Ҳисоботҳои аудит

Дастгирӣ

  • Саволу ҷавобҳои маъмулӣ
  • Тамос

Як-ду бор дар моҳ: чорабиниҳои нав, озмунҳо ва ҳикояҳои волонтёрон.

Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам»

ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯч. Ҷ. Расулов, 10

info@hamqadam.tj/+992 88 800 29 21

© 2026 Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» — ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

Шартҳои истифодаи платформаСиёсати махфият

Ҳамқадам

  1. Асосӣ
  2. Оинномаи Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам»

Оинномаи Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам»

Ҳуҷҷати асосии ташкилот: мақсад ва вазифаҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, аъзогӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назоратӣ, манбаъҳои маблағ ва тартиби барҳамдиҳӣ.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳо
Таҳрири 02.02.2026
Мундариҷа
  1. 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
  2. 2. МАҚСАД, ВАЗИФАҲО ВА НАМУДИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТ
  3. 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲО
  4. 4. ШАРТҲОИ БА ДАСТ ОВАРДАН ВА АЗ ДАСТ ДОДАНИ АЪЗОГӢ
  5. 5. МАҚОМОТИ РОҲБАРИКУНАНДА ВА МАҚОМОТИ НАЗОРАТИЮ ТАФТИШӢ
  6. 6. МАНБАЪҲОИ ҶАМЪОВАРИИ МАБЛАҒҲОИ ПУЛӢ ВА МОЛИКИЯТИ ДИГАР
  7. 7. ВОҲИДҲОИ СОХТОРӢ
  8. 8. ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ
  9. 9. ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ОИННОМА
  10. 10. ТАРТИБИ АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТ

Мундариҷа

  1. 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
  2. 2. МАҚСАД, ВАЗИФАҲО ВА НАМУДИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТ
  3. 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲО
  4. 4. ШАРТҲОИ БА ДАСТ ОВАРДАН ВА АЗ ДАСТ ДОДАНИ АЪЗОГӢ
  5. 5. МАҚОМОТИ РОҲБАРИКУНАНДА ВА МАҚОМОТИ НАЗОРАТИЮ ТАФТИШӢ
  6. 6. МАНБАЪҲОИ ҶАМЪОВАРИИ МАБЛАҒҲОИ ПУЛӢ ВА МОЛИКИЯТИ ДИГАР
  7. 7. ВОҲИДҲОИ СОХТОРӢ
  8. 8. ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ
  9. 9. ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ОИННОМА
  10. 10. ТАРТИБИ АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТ

Савол доред?

Агар чизе дар ҳуҷҷат нофаҳмо бошад, ба мо нависед — шарҳ медиҳем.

1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

1. Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамқадам» (минбаъд-Ташкилот) Ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрии худидоракунӣ ва ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб меравад ва фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва санадҳои хуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

2.Ташкилот фаъолияташро мустақилона иҷро мекунад ва ҳуқуқ дорад, ки бо ташкилотҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ки мақсад ва вазифаҳои мувофиқ доранд, ҳамкорӣ намояд.

3.Ташкилот аз рӯи уҳдадориҳояш ба маблағҳо ва моликияти шахсии худ ҷавобгуй мебошад.

4.Ташкилот аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дорои моликияти алоҳида, маблағҳои асосӣ ва мубодилавӣ, тавозуни мустақил, дар бонкҳо суратҳисоб, аз он ҷумла суратҳисобҳои арзӣ дошта, метавонад ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ ба даст оварда дар судҳо даъвогару ҷавобгар бошад.

5.Мақомоти роҳбарикунандаи Ташкилот дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов 10 ҷойгир мебошад.

6.Ташкилот фаъолияти оинномавии худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

2. МАҚСАД, ВАЗИФАҲО ВА НАМУДИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТ

7. Ҳадафи асосии фаъолияти Ташкилот мусоидат ба рушди устувор, дастгирии ташаббусҳои наврасону ҷавонон дар самти рақамикунонӣ ва экология, инчунин баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа мебошад.

8.Ташкилот барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятҳои зеринро ба амал бароварда метавонад:

  • мусоидат дар таҳкими сармояи инсонӣ, баланд бардоштани қобилиятҳои шахсиву касбии ҷавонон, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ барои ҷавонон;
  • Мусоидат ҷиҳати ташкил ва баргузории форумҳо, симпозиумҳо, конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва тренингҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ҷалб кардани ҷавонон ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ бо мақсади рушди қобилияти зеҳнӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуури ҷамъиятӣ;

- мусоидат дар коркард, мутобиқсозӣ ва татбиқи нақшаву лоиҳаҳои давлативу байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба таҳсилоти муосир ва ташкили курсҳои омӯзишии касбу ҳунар, фанҳои дақиқ, барномасозӣ (IT) ва навовариву ихтирокорӣ;

- мусоидат дар таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ, фаъолнокии иҷтимоӣ, дастгирии ташаббусҳои наврасону ҷавонон дар самти навоварӣ, фаъолияти лоиҳавӣ ва ҳалли мушкилот дар сатҳи ҷомеа;

  • мусоидат ҷиҳати расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ дар соҳаи экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ташкилу баргузор намудани маъракаҳои сабзкорӣ, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан, тоза намудани соҳилҳои дарёву кӯлҳо, чашмасорҳо ва минтақаҳои истироҳатӣ аз партовҳои маишӣ;

- мусоидат дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, дастгирии равонӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ дар байни аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон ҷиҳати пешгирии одатҳои зараровар татбиқи барномаҳои маърифатӣ оид ба ҳифзи сиҳатии наврасону ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва беҳтар намудани ҳолати руҳию равонии аъзои ҷомеа;

- мусоидат дар таҳкими муколама ва шарики байни ҷавонон, ҷомеа, мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- мусоидат ҷиҳати ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои таҳияи барномаҳои муштараки рушд, тарғиби тарзи ҳаёти солим, дастгирии ташаббусҳои иқтисодии наврасону ҷавонон ва татбиқи барномаҳои экологӣ, инчунин ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор;

- мусоидат ба тарғиби фарҳанги экологӣ, ҳифзи муҳити зист, иқдомҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳифз ва дастгирии пиряхҳо, захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи об, баланд бардоштани огоҳии наврасону ҷавонон дар бораи аҳамияти онҳо;

  • мусоидат ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои ватанию хориҷӣ ва ҷалби сармоягузориҳои мақсаднок (грантҳо) ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои наврасону ҷавонон дар самти рақамикунонӣ ва экология, инчунин беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа.

9.Намудҳои фаъолияти оинномавие, ки мувофиқаи алоҳидаро талаб менамояд, пас аз ҳамоҳангсозӣ бо мақоми масъули соҳа амалӣ карда мешавад.

10.Ташкилот намудҳои фаъолиятеро, ки баамалбарории онҳо иҷозати алоҳидаро талаб мекунад, дар ҳолати доштани чунин иҷозатномаҳо амалӣ менамояд.

3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲО

11.Барои ноил шудан ба мақсадҳои оинномавӣ ва ҳаллу фасли вазифаҳои гузошташуда, Ташкилот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

- дар хусуси фаъолияти худ аҳли ҷомеаро иттилоъ диҳад;

- дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар суратҳисоб кушояд;

- ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии аъзои Ташкилотро дар мақомоти давлатӣ, мақомоти судӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо пешниҳод ва ҳифз намояд;

- ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои оинномавӣ созишномаҳои мухталифро бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба тасвиб расонад.

12.Уҳдадориҳо:

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва меъёрҳои пешбиникардаи оинномаро риоя намояд;

- ҳар сол то 1-уми апрел ба мақомоти бақайдгиранда (Вазорати адлия) дар бораи идомаи фаъолияти худ маълумот, ки шакли он аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, бо нишондоди суроғаи қонунии мақомоти роҳбарикунандаи Ташкилот пешниҳод намояд.

- бо дархости мақомоти бақайдгиранда қарорҳои мақомоти роҳбарикунанда ва шахсони мансабдори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дар бораи фаъолияти худ гузориш пешниҳод намояд;

- намояндагони мақомоти бақайдгирандаро ба чорабиниҳои оммавие, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ мегузаронад, ҷалб намояд;

- ба намояндагони мақомоти бақайдгиранда дар кори шиносшавӣ бо фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ вобаста ба амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

- ҳар сол дар сомонаи худ ё сомонаи мақомоти бақайдгиранда (Вазорати адлия) ҳисоботи молиявиро, ки дар он маълумоти муфассал оид ба даромад ва хароҷот дарҷ шудааст, ҷой диҳад;

- дар хусуси фаъолияти Ташкилот ба намояндагони мақоми бақайдгиранда (Вазорати адлия) ҷиҳати дастрасӣ ба иттилоот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд;

- ҳар сол дар сомонаи худ ё сомонаи мақомоти бақайдгиранда (Вазорати адлия) ҳисоботи молиявиро, ки дар он маълумоти муфассал оид ба даромад ва хароҷот дарҷ шудааст, ҷой диҳад;

- дар сурати гирифтани пардохтҳои ихтиёрӣ, хайрияҳо, грантҳо ё молу мулке, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муҳлати 10 рӯз ба мақомоти бақайдгиранда (Вазорати адлия) огоҳинома пешниҳод намояд.

4. ШАРТҲОИ БА ДАСТ ОВАРДАН ВА АЗ ДАСТ ДОДАНИ АЪЗОГӢ

13. Аъзои Ташкилот шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон ба 18-солагӣ расидааст ва шаҳрвандони хориҷие, ки ҷои доимии зисти онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд, шуда метавонанд.

14. Ба даст овардани узвият сарфи назар аз ҷинс, миллат, нажод ва мазҳаб амалӣ мегардад.

15.Қабул шудан ба узвияти Ташкилот ва хориҷ шудан аз он мувофиқи аризаи шахсии шаҳрвандон ва қарори раёсати Ташкилот амалӣ карда мешавад.

16. Аъзои Ташкилот ҳуқуқ дорад:

- дар идоракунии Ташкилот мутобиқи оинномаи мазкур иштирок намояд;

- дар чорабиниҳои барномавие, ки аз ҷониби Ташкилот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар давлати хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ширкат намояд;

- мақомоти роҳбарикунандаи Ташкилотро интихоб намояд ва ба мақомоти роҳбарикунандаи Ташкилот интихоб гардад;

- дар фаъолият ва тамоми корҳои ибтидоии Ташкилот иштирок намояд;

- оид ба масъалаҳое, ки ба фаъолияти Ташкилот алоқаманданд, таклиф пешниҳод намояд;

- аз аъзогӣ дар Ташкилот барояд.

17. Уҳдадории аъзои Ташкилот:

- дар фаъолияти худ муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи Ташкилотро риоя намояд;

- сари вақт ҳаққи узвиятро дар сурати мавҷуд будани он супорад;

- қарорҳои мақомоти роҳбарикунандаи Ташкилотро сари вақт иҷро намояд;

- аз амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавии Ташкилот дахл надорад ва ба он зарар мерасонад, худдорӣ намояд.

18. Ариза оид ба узвият дар Ташкилот ва хориҷ шудан аз он дар маҷлиси раёсат баррасӣ карда мешавад.

5. МАҚОМОТИ РОҲБАРИКУНАНДА ВА МАҚОМОТИ НАЗОРАТИЮ ТАФТИШӢ

19.Мақомоти идораи олии Ташкилот - маҷлиси умумӣ ба шумор меравад.

20.Маҷлиси умумӣ дар як сол на кам аз як маротиба бо мавҷудияти кворуми на кам аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзо ва бо даъвати раёсат баргузор мегардад.

21. Ваколати Маҷлиси умумӣ:

- қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи Ташкилот;

- интихоб намудани раиси Ташкилот;

- интихоб намудани ҳайати аъзои мақомоти назорату тафтишӣ;

- интихоб намудани раёсати Ташкилот;

- интихоб намудани раиси мақомоти назорату тафтишӣ ва аъзои он;

- шунидани ҳисоботи раёсати Ташкилот ва мақомоти назорату тафтишӣ;

- муайян намудани барномаи фаъолияти Ташкилот;

- тасдиқ намудани барномаҳо ва лоиҳаҳо;

- баррасӣ ва қабули қарор дар бораи барҳамдиҳии Ташкилот.

22.Мақомоти роҳбарикунандаи Ташкилот дар давраи байни маҷлиси умумӣ, раёсати Ташкилот ба ҳисоб меравад.

23. Раёсати Ташкилот дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- омода намудани ҳуҷҷатҳо ва даъвати маҷлиси умумӣ;

- таҳия намудани барномаҳо ва лоиҳаҳои ояндадор;

- муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Ташкилот;

- ба роҳ мондани корҳои ташкилӣ вобаста ба омода намудан ва гузаронидани чорабиниҳо;

- танзим намудани иҷрои барномаҳои тасдиқшуда;

- бастани шартномаи меҳнатӣ ва хизматрасонии раиси раёсат бо раиси Ташкилот.

24.Ҳайати раёсат дар маҷлиси умумӣ муқаррар карда мешавад. Маҷлисҳои раёсат дар се моҳ як маротиба гузаронида мешаванд. Раёсати Ташкилот дар маҷлиси умумӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мегардад.

25.Фаъолияти умумии Ташкилотро байни маҷлисҳои умумӣ ва раёсат раис Ташкилот амалӣ ва роҳбарӣ менамояд.

26. Раиси Ташкилот дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- даъват намудани раёсати Ташкилот ва таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор;

- ба тасвиб расонидани шартномаҳои меҳнатӣ бо шаҳрвандон;

- таъин намудани муҳосиби Ташкилот;

- бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани тартиби музди меҳнат;

- барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда истифодаи моликияту маблағҳои пулии Ташкилот;

- аз номи Ташкилот бастани шартномаҳо, созишномаҳо ва қарордодҳо бидуни ваколатнома;

- таъсис ва барҳам додани филиалу намояндагиҳо, таъин ва озод намудани роҳбарони онҳо, инчунин тасдиқи низомномаҳо;

- роҳбарӣ намудани фаъолияти хоҷагӣ ва молиявӣ дар муносибатҳои муштарак бо ташкилотҳои дигари ҷамъиятӣ ва давлатӣ, шахсони ҳуқуқию воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам хориҷӣ муаррифӣ намудани Ташкилот.

27. Раиси Ташкилот дар маҷлиси умумӣ ба муҳлати 5 coл интихоб карда мешавад.

28.Назорати фаъолияти молиявиро мақомоти назорату тафтишӣ ба амал мебарорад.

29.Раис ва аъзои комиссияи тафтишӣ дар маҷлиси умумӣ ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешаванд. Тафтиши фаъолияти молиявиро мақомоти назорату тафтишӣ иҷро намуда, ҳap coл санҷиш гузаронида мешавад ва ҳисобот дар хусуси тафтиши гузаронидашуда, ба маҷлиси умумии Ташкилот пешниҳод мегардад.

30.Мақомоти назорату тафтишӣ аз раис вa ду аъзо иборат аст.

6. МАНБАЪҲОИ ҶАМЪОВАРИИ МАБЛАҒҲОИ ПУЛӢ ВА МОЛИКИЯТИ ДИГАР

31.Сарчашмаҳои ҷамъоварии моликияти Ташкилот маблағҳои шахсӣ ва маблағҳои ҷалбкардашуда ба шумор мераванд.

32.Маблағҳои шахсӣ - ҳаққи қабулшавӣ ва ҳаққи аъзогиро ташкил медиҳанд.

33.Маблағҳои ҷалбкардашуда - маблағҳое (грантҳо, қарзҳо), ки аз иҷрои лоиҳаҳо, созишномаҳо, шартномаҳо, воситаҳое, ки аз сармоягузорон дохил шудаанд ва даромадҳои дигар мебошанд.

34.Ташкилот дар моликияти худ биноҳо, иморатҳо, иншоот, фонди манзил, нақлиёт, таҷҳизот, асбобу анҷом, амволи таъиноти маданию маърифатӣ ва солимгардонӣ, маблағҳо, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок ва дигар молу мулк дошта бошад, ки барои таъминоти моддии фаъолияти оинномавӣ зарур мебошад.

7. ВОҲИДҲОИ СОХТОРӢ

35.Ташкилот барои ноил шудан ба мақсадҳои худ ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар тамоми ҳудуде, ки фаъолияташро дар бар мегирад, метавонад филиал ва намояндагиҳои худро таъсис диҳад.

36.Филиал ва намояндагиҳои Ташкилот шахси ҳуқуқӣ намебошанд.

37.Филиал ва намояндагиҳои Ташкилот ба молу мулки ба он вобастакардашуда ҳуқуқи моликият надоранд.

38.Филиал ва намояндагиҳои Ташкилот ба молу мулки ба он вобастакардашударо дар мувофиқа бо Ташкилот ихтиёрдорӣ мекунад.

39.Воҳидҳои сохтории Ташкилот бе мақоми шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар асоси низомнома ба амал мебароранд.

40.Ташкилот филиалу намояндагиҳои худро вобаста ба имконият метавонад дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода ва Ҳисор таъсис диҳад.

8. ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ

41.Ташкилот ғайритиҷоратӣ буда, метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои оинномавии худ, ки ба хотири ин ҳадафҳо таъсис гардидааст, фаъолияти соҳибкориро ба амал барорад.

42.Ташкилот фаъолияти соҳибкориро тибқи талаботи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

43.Даромадҳо аз фаъолияти соҳибкории Ташкилот дар байни аъзо ё иштирокчиёни ин Ташкилот тақсим шуда наметавонанд ва бояд танҳо барои ба даст овардани мақсадҳои оинномавӣ истифода шаванд.

44.Ба ҳайати кормандони Ташкилот (кормандони амалкунандаи доимӣ) амали Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст ва онҳо ҳуқуқ доранд, ки музди меҳнат гиранд.

9. ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ОИННОМА

45.Тағйиру иловаҳо ба оинномаи Ташкилот бо қарори Маҷлиси умумӣ тасдиқ карда мешаванд.

46.Оинномаи Ташкилот бо тағйиру иловаҳо бояд дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

10. ТАРТИБИ АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТ

47. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии фаъолияти Ташкилот дар ҳолати зайл сурат мегирад:

- азнавташкилдиҳӣ – бо қарори маҷлиси умумӣ ҳангоми мавҷуд будани аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои Ташкилот сурат мегирад;

- барҳамдиҳӣ – бо қарори маҷлиси умумӣ ҳангоми мавҷуд будани аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои Ташкилот ва инчунин дар мавридҳои дар қонун пешбинишуда бо қарори суд амалӣ мешавад.

48. Молу мулке, ки дар натиҷаи барҳамдиҳии Ташкилот боқӣ мемонад, баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторон барои мақсадҳои пешбиникардаи оинномаи Ташкилот равона карда мешавад.

49. Ҷараёни барҳамдиҳии Ташкилотро комиссияи барҳамдиҳӣ бо қарори маҷлиси умумӣ иҷро мекунад.

Савол доред?

Агар чизе дар ҳуҷҷат нофаҳмо бошад, ба мо нависед — шарҳ медиҳем.

Тамос бо мо
Тамос бо мо